Марди рус барои таркондани мошини Тоҷикбача зиндон шуд

Марди рус барои таркондани мошини Тоҷикбача зиндон шуд

Суди ноҳияи Магнитогорск Сергей Степанови 42-соларо дар кӯшиши куштори як корманди 34-солаи бозор гунаҳгор шинохт — зодаи Тоҷикистон пас аз таркиш дар мошинаш бо ҷароҳати пой дар беморхона бистарӣ шудааст.

Барои ин марди Рус 11 солро дар колонияи режими вазнин сипарӣ хоҳад кард. Дар ин бора 74.RU бо истинод ба ёрдамчии прокурори ноҳия хабар медиҳад.

Додгоҳ Степановро барои ба даст овардани ғайриқонунии маводи тарканда ё дастгоҳҳои тарканда ва кӯшиши куштори ба тариқи умум хатарнок содиршуда гунаҳгор донист.

Қайд карда мешавад, ки Сергей Степанов дар колонияи режими шадид ба 11 соли зиндон маҳкум шудааст.

Пас аз адои мӯҳлати асосӣ, ӯ як сол боз дар озодӣ маҳдуд карда мешавад. Вай инчунин бояд 10 ҳазор рубл ҷарима супорад. Даъвои шаҳрвандии ҷабрдида дар бораи ҷуброни зарари маънавӣ аз ҷониби суд қисман қонеъ карда шуд — аз судшаванда 800 ҳазор рубл ситонида шуд.

Мо дар Telegram