Марди 46-солаеро дар Душанбе барои никоҳ бо духтари 12-сола се сол зиндонӣ карданд

Муҳоҷирон аз Русия ба Тоҷикистон 1,7 миллиард доллар фиристодаанд

Муҳоҷирони кории тоҷик дар соли 2020 танҳо аз Русия ба Тоҷикистон 1 миллиарду 741 миллион доллар фиристодаанд. Бонки Марказии Русия ин рақамро рӯзи 16-уми март нашр кард. Маблағи фиристодашуда назар ба соли қаблӣ 759 миллион доллар камтар аст.

Соли 2019 муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон 2,5 миллиард доллар фиристода буданд, ки тақрибан ба 30 дарсади Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ (ВВП) дар Тоҷикистон баробар буд.

Эълони омори пулҳои фиристодаи муҳоҷирон аз Русия ба Тоҷикистон дар ҳолест, ки Бонки Миллии Тоҷикистон чанд сол боз маблағи фиристодаи муҳоҷиронро пурра ифшо намекунад.

Дар нишасти охири хабарии ин ниҳод гуфта шуд, андозаи пулҳои интиқолии муҳоҷирон дар соли 2020, бинобар пандемия, беш аз 6 дарсад коҳиш ёфт.

Аз омори эълонкардаи Бонки Марказии Русия бармеояд, ки ҳаҷми интиқоли пули муҳоҷирон ҳудуди 30 дарсад кам шудааст.

Ҳайати Роспотребнадзор аз Озмоишгоҳи миллии тандурустӣ боздид кард

Мутахассисони Роспотребнадзор, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор доранд, аз як озмоишгоҳи тиббӣ дидан намуданд.

Ба иттилои котиботи Вазорати тандурустӣ, бегоҳи рӯзи 16 март, се муттахиссиси корхонаи федералии тиббии Институти илмӣ-таҳқиқотии зидди вабои Федератсияи Русия “Микроб”-и “Роспотребнадзор” бо фаъолияти Муассисаи давлатии “Озмоишгоҳи миллии тандурустии ҷамъиятӣ” шинос шуданд.

Гуфта мешавад, аснои шиносоӣ ҳайати Роспотребнадзор аз рафти фаъолияти озмоишгоҳи мазкур дидан намуда, инчунин, бо роҳбарият ва мутахассисони муассисаи номбурда мулоқот карданд.

Бояд гуфт, ки боздиди мутахассисони “Роспотребнадзор” аз озмоишгоҳҳо ва як қатор муассисаҳои тандурустии мамлакат идома дорад.

Дар Хуҷанд “Боғшаҳри наврӯзӣ” бунёд мегардад

Мақомоти Суғд мегӯянд, дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба иди Наврӯз макони махсус “Боғшаҳри наврӯзӣ” бунёд мегардад.

Тибқи иттилои ҳукумати Суғд, боғшаҳр дар “Майдони ситора”-ҳои шаҳри Хуҷанд бунёд мегардад.
Таъкид шудааст, иншоот бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сохта шуда, алҳол дар ин макон охирон корҳои ороишӣ ба анҷом расида истодааст.

Корҳои ороишии боғшаҳрро Ғуломҷон Қосимов ва Ғафур Дадобоев бар уҳда дошта, дар ҳудуди “Боғшаҳри наврӯзӣ” аз тарафи кормандони Сарраёсати ободонии шаҳр ва дигар сохторҳои дахлдор дарахти сунъии зардолу бо баландии 15 метр, рамзҳои наврӯзӣ ва дигар ороишоти марбут ба ҷашни Наврӯз гузошта мешавад.

“Боғшаҳри наврӯзӣ” аз 4 дарвоза ва деворҳои рамзии иҳотавӣ иборат буда, дар ин мавзеъ ҳамзамон хаймаҳои наврўзӣ ташкил гардида, тӯҳфаҳои наврӯзӣ ба фурўш гузошта хоҳанд шуд.

3 соли зиндон: Марди 46-солаеро дар Душанбе барои никоҳ бо духтари 12-сола ҷазо додаанд

Дар Душанбе як марди 46-соларо барои никоҳ бо духтари 12-сола ба зиндон маҳкум кардаанд. Никоҳ аз 18-солагӣ иҷозат аст. Бино ба ҳукми Додгоҳи ноҳияи Сино, ки моҳи гузашта содир шудаву ба иҷро даромадааст, Давлатманд Касиров се солро дар маҳбас мегузаронад.

Пайвандони духтар ҳукмро ноодилона хонданд, чун ба гуфтаи онҳо, “ба мард ҷазои камтар додаанд”. Яке аз пайвандони Касиров мегӯяд, “ӯ низ аз ҳукм розӣ нест, чун иттиҳомро бепоя медонад, вале зинаи болоии додгоҳ даъвояшро қонеъ накард”.

Дар Бунёди “Ташаббуси ҳуқуқӣ”, ки аз ҳаққи модару духтари ноболиғаш ҳимоят мекард, рӯзи 17-уми март гуфтанд, додгоҳ мардро барои раво дидани “ҳаракати бадахлоқона” гунаҳкор шинохтааст.

Як мусоҳиби мо дар созмон гуфт, духтар, ки баъд аз ин ҳодиса аз таҳсил канор монда буд, дубора ба мактаб баргашт. “ҳарчанд мард муносибатҳои бадахлоқонаро нисбат ба ноболиғ эътироф накард, ташхиси равоншиносӣ нишон дод, ки духтар дар ҳолати оҷизӣ қарор дошт”, — афзуд ӯ.

Қаблан мақомот хабар дода буданд, ки Давлатманд Касиров, сокини 46-солаи ноҳияи Синои пойтахт, дар баробари зиндагии якҷоя бо ду зан, инчунин, ноболиғи 12-соларо ба никоҳи худ даровардааст.

Чор мошин шоҳҷоиза ва сад ҳазор сомонӣ: куштии 2-рӯзаи наврӯзии Душанбе

Дар Душанбе бахшида ба ҷашни Наврӯз мусобиқаи ҷумҳурявии куштии миллии ҷоми “Пойтахт -2021” баргузор мешавад, ки барои ғолибон 4 автомошина ва 100 ҳазор сомонӣ мукофоти пулӣ  ҷоиза тақдим мешавад.

Абдулло Саидхоҷаев, котиби генералии Федратсияи миллии “гӯштингирӣ” гуфтааст, ин мусобиқаи калони куштии миллӣ рӯзҳои 20-21 март дар “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Душанбе баргузор мегаданд, ки дар он Рустами Эмомалӣ раиси шаҳри Душанбе ширкат мекунад.

Ин масъули кӯштии ҷоми “Пойтахт-2021” мегӯяд, ки ҷаҳор мошини шоҳҷоизаи сабқат “Тойота-Авалон”, “Тайота Камри Солариа”  ва 2 “Хюундай”-и модели нав хоҳанд буд, ки ҳар кадоме бо қиммати аз 10 то 20 ҳазор доллар харида шудаанд. Ба ҷуз шоҳҷоизаҳо барои ғолибони ҳар давр дар ҳар вазн мукофоти пулӣ аз 200 сомонӣ то 10 000 сомони дода мешавад.

Сабқати имсола тибқи қоидаҳои нави куштии миллӣ, ки аз сӯйи Федератсияи ин навъи варзиш Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш қабул шудааст, сурат мегирад. Паҳлавонон дар  вазнҳо -65кг, -75 кг,  -90 кг,  ва +90 ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Иштироки муштзанҳои тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Туркия

Дар мусобиқаи байналмилалии бокс “Босфор” («International Istanbul Bosphorus Boxing tournament»), ки 16-уми март дар шаҳри Истамбули Туркия оғоз ёфт, муштзанҳои тоҷик низ ширкат доранд.

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки бо иштироки варзишгарон аз 23 кишвар то 20-уми март идома меёбад, Тоҷикистонро
панҷ нафар узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон намояндагӣ мекунанд: Шоира Зулқайнарова дар вазни то 60 кг миёни занон, Аминҷон Сайрализода (-57 кг), Бахтиёр Мирзомуҳаммад (-75 кг), Шаббос Неъматуллоев (-81 кг) ва Сиёвуш Зуҳуров (+91 кг) миёни мардон.

Бояд гуфт, ки ду муштзани тоҷик – Баҳодур Усмонов (-63 кг) ва Шаббос Неъматуллоев (-81), ки соли гузашта роҳхати олимпӣ ба даст оварданд, ба Олимпиадаи Токио-2020 омодагӣ мебинанд.

Пеш аз Бозиҳои олимпӣ дар Токио муштзанҳои тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё, ки аз 21-ум то 31-уми май дар пойтахти Ҳиндустон – Деҳлӣ доир мегардад, ширкат хоҳанд кард.

Сообщение Марди 46-солаеро дар Душанбе барои никоҳ бо духтари 12-сола се сол зиндонӣ карданд появились сначала на YOUR.

Мо дар Telegram