Маъракаи ниҳолшинонӣ дар Академияи ВКД

1590

Дар асоси дастури Раиси Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба шаҳри сабз табдил додани Душанбе, ва дар асоси супориши сардори Академия санаи 28- уми феврали соли равон дар гирду атрофи Академияи ВКД маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардида, теъдоди зиёди дарахтҳои ороишӣ аз қабили арча шинонида шуданд.

15911592

Дар маъракаи мазкур курсантони курси якум фаъолона ширкат намуда, таҳти роҳбарии муовини сардори Академия н.и.ҳ., полковники милитсия Ализода А.Ш. ин тадбири муҳимро дар самти боз ҳам зебою озода намудани гирду атрофи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расониданд.

Сафарзода С.Н.

Мо дар Telegram