Маъракаи ниҳолшинонӣ дар Академияи ВКД

1616

Дар партави сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба доир намудани корҳои ободонию созандагӣ ва сабзу хуррам гардонидани муҳити зист дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ барои дар амал тадбиқ намудани чунин ташаббусҳои Роҳбари давлат пайваста чорабиниҳои мақсаднок баргузор мегардад.
Дар рӯзҳои истироҳатии ҳафтаи гузашта бо ташаббуси роҳбарияти Академияи ВКД маъракаи дарахтшинонӣ дар ин боргоҳи илму маърифат доир карда шуд.
Дар ин чорабинӣ ҳайати омӯзгорону профессорони Академияи ВКД ва курсантон низ фаъолона ширкат варзида, ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ пешвоз гирифтани ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ба сабзазоркунию дарахтшинонӣ ва нарм намудани бехи ниҳолҳо машғул шуданд.

1617

Чунин ободкориҳо агар аз як ҷиҳат ба симои зоҳирии пойтахти кишвар ҳусн зам намояд, аз ҷониби дигар фазои экологии кишварро соф менамояд. Аз ин лиҳоз, новобаста аз самти фаъолият вазифаи ҳар як сокини кишвар аст, ки ҷиҳати ободу дилкаш ва сабзу хуррам гардонидани кишварамон саҳми арзандаи хешро гузорад.

Саида Сафарзода.

Мо дар Telegram