«Маняки кунқап» — Ҷавони бадахлоқ дастгир шуд

"Маняки кунқап" - Ҷавони бадахлоқ дастгир шуд
МО ДАР TELEGRAM

Ҷавоне, ки дар гузаргоҳи зеризаминӣ куни духтаронро меқапид дастгир карда шуд. Баъзеҳо дар комментарияҳо ӯро ҳамчун «Маняки кунқап» низ меномиданд.

Иҷрои амалу рафтори ноишоиста махсусан ҳаракатҳои ғайриахлоқӣ ва ба ин тартиб поймол намудани ҳуқуқу манфиатҳои бонувону занон аз ҷониби афроди ҷиноятпешаву қонуншикан боиси ба миён омадани норозигии шаҳрвандон гардида, ҷиҳати таъмини волоияти қонун аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт чунин афрод боздошт ва мавриди чораҷӯӣ қарор дода мешаванд.

Аз ҷумла як нафар ҷавонзани сокини шаҳри Душанбе бо ирсоли расмҳои як нафар ҷавонмард аз мақомоти милитсяи пойтахт дархост намуд, то нисбати номбурда чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад. Зеро ҳангоми гузаштан аз роҳи зеризаминии назди Бозори «Саховат» нисбаташ ҳаракатҳои ғайриахлоқӣ намуда, бо ин тартиб шаъну шарафашро дар назди атрофиён поймол кардааст.

"Маняки кунқап" - Ҷавони бадахлоқ дастгир шуд
Ҳамидов Диловар Фахриддинович

Зимни гузаронидани як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ҷавони дар расмҳо инъикосёфта шаҳрванд Ҳамидов Диловар Фахриддинович санаи таваллудаш 10.08.1978 истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Сомон мебошад.

Баъд аз ба мақомоти милитсия дастрас гардидан дар натиҷаи пурсиши гумонбар ва дигар шоҳидони ҳодиса муайян гардид, ки дастгиршуда Ҳамидов Диловар ҳангоми убури гузаргоҳи зеризаминӣ дар ҳолати сархушӣ қарор дошта, нисбати ҷавонзани муроҷиаткунанда дастдарозӣ намуда, ҳаракатҳои бадахлоқонаро анҷом додаст.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати дастгиршуда Ҳамидов Диловар тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқувайронкунии маъмурии ҶТ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбаташ бо Қарори Суди ноҳияи Фирдавсӣ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз таъин карда шуд.

Бознашр аз маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Баҳогузорӣ кунед
Комментарии: 1
  1. Аноним

    :cry:

    Ответить
Комментария нависед

;-) :| :x :twisted: :smile: :shock: :sad: :roll: :razz: :oops: :o :mrgreen: :lol: :idea: :grin: :evil: :cry: :cool: :arrow: :???: :?: :!: