Манижа Русияро дар “Евровидение-2021” намояндагӣ мекунад

Овозхон Манижа Русияро дар озмуни байналмилалии мусиқии “Eurovision-2021” намояндагӣ мекунад, хабар медиҳад РИА Новости. Ҳунарманд суруди «Russian woman» (Зани рус) -ро иҷро мекунад.
Овозхон 39,7% овозҳои тамошобинонро дар эфир ба даст оварда, ҳаққи намояндагӣ кардани Русияро дар озмун гирифт.
Пас аз эълони натиҷаҳо, Манижа барои эътимод изҳори сипос кард. Вай ҳозиринро итминон дод, ки ӯ кушиш мекунад, ки «олиҷаноб ва сидқан» баромад хоҳад кард. Духтар тасмим гирифт, ки ғалабаи худро ба бибиаш аз Душанбе бахшад.
«Ман фақат мехоҳам бигӯям, ки бибиям аз хурдӣ ба ман боварӣ дошт, ва мутаасифона, ҳоло бо мо нест, аммо вай ҳар рӯз, дар Душанбе нишаста, бо расми ман аз бойгонӣ сӯҳбат мекунад. Мутаассифона, вай ҳоло инҷо нест, балки ин пирӯзии имрӯзаро ман мехоҳам ба ӯ бахшам «, — гуфт овозхон.
Манижа таассуроти худро аз ин ҳодиса дар сафҳаи Instagram-и худ нақл карда, ба мухлисоне, ки ба ба ӯ овоз доданд, изҳори сипос кард.
Мо дар Telegram