Мактуб ба ҳамсарӣ ояндаам ❤️

Мактуб ба ҳамсарӣ ояндаам ❤️

Ассалому алейкум, ҳамсар ва модари фарзандони ояндаам! Умедворам ту саломату хушбахтӣ?! Ман намедонам, ҳоло ту дар куҷоӣ ва ба кадом корҳо машғулӣ. Бароям муҳим нест, ки маро мешиносӣ ё намешиносӣ. Зиндагӣ бо орзуву ормонҳо ширин аст. Ман ҳам орзуи ҳамсари бовафою боимон, покдоману боақл, орзуи фарзандони солеҳу солеҳа ва падару модари хушбахт мекунам. Ба оянда бо чашми нек менигарам ва умеди калон ҳам дорам.

Ҷонам фидоят ва сипари балоят, ҳамвора бо ту ҳастам, чӣ дар хушӣ ва чӣ дар сахтӣ. Одамон инсони зебо, доно ва бехато мекобанд, аммо чунин инсон дар ин дунё мавҷуд нест. Ҳама хато дорад, ки аз чашми мардум пинҳон мекунад. Агар инсонҳои «идеалӣ» бошанд ҳам, ангуштшумор. Ман ҳам хато дорам, ту ҳам. Ягон камбудӣ дошта бошӣ, ғамгин машав. Аммо кӯшиш бикун аз хатоҳо дур шуда бошӣ. Ман туро ҳурмату эҳтиром мекунем, агар шарму ҳаё ва имон дошта бошӣ. Нангу номуси ту барои ман аз ҳама чизи гарон аст. Ҳусн аз корҳои хайр ва ибодату тиловати Қуръони Зебо мешавад. Амалҳои нопок нури рӯятро гум мекунанд, кӯшиш бикун аз амалҳои бад дур бошӣ. Зебо ва тоза бигард, чун ба ман духтарони «пояфзоли ифлосдошта» ё » нохуни дарозу лакмолида» маъқул нестанд. Хоксорона либос бипӯш, аз пишти мӯд надав! Ба гапҳои мардум гӯш мадеҳ. Оинаи нилгун ва филмҳоро кам тамошо бикун! Ту барои ман мисли гавҳараки чашм пурқимматӣ ва дар ҳама ҳолат зебою азизӣ, агар покдоману боимон бошӣ. Худро аз чашмони мардон дур нигоҳ бидор ва ҳамеша аз мардон бигурез! Оромтабият ва босабр бош!

Ту маро пазмон шав. Ман ҳам пазмони туям. Барои ҳамсари солеҳа ва пок доштан, худ бояд солеҳ ва пок буд. Азизам фаромӯш накун, ки Ман аз Тоҷикистонам ва дар як деҳаи он ба воя расидаам. Ман дар куҷое набошам , рафта аз Тоҷикистон зан мегирам! Дар кадом кишваре, таҳсил накарда бошем, дар кадом кору дар кадом кишваре кору фаъолият накарда бошем, боз ба макони кӯдакиам- Тоҷикистон меравем. Зодгоҳам Тоҷикистон аст, макони вафотмекардагиам ҳам, Тоҷикистон мешавад. Маро дар тӯли ҳаётам, ягон духтаре, ғайр аз духтарони тоҷик, мафтун накардааст ва карда ҳам наметавонанд, чунки мисли духтарони тоҷик, духтари босабру боимон, меҳрубону дилсӯз ва ғамхору зебо нестанд!

Гӯш кун, азизам! Ман мисли Бародар, мисли Падар ва мисли шавҳари ояндаат насиҳате мекунам. Баъзан бо кадом сабабҳо, ҳаёти нопокон ширину зебо менамояд: айшу ишрат ва сайругаштӣ пеш аз никоҳӣ. Аммо ту аз ин хел амалҳои нопок дур бош, чун ба ояндаат хеле таъсири калон мерасонад. Агар Ту ба бешармию беҳаёгӣ роҳ дода, шарму ҳаёро аз даст бидиҳӣ, бисёртар вайрон шудани ҷомеа ба чашм мерасад. Фикр накун, ки талабу дархост ва пешниҳоди ман бисёр ва мушкил аст. Саҳми Зан дар ҷомеа хеле калон аст, зан Модар аст. Агар зан вайрон шавад, оила вайрон мешавад. Оила, ки вайрон шуд, ҷамъият вайрон шуда, оқибат халқ вайрон мешавад. На духтари солеҳа таваллуд мешаваду на писари солеҳ… Ягон шермард таваллуд намешавад. Агар оянда писари боимону боақл ва бонангу номус доштан хоҳӣ, покдоману боимон бош!

Зиндагӣ роҳи пурпечутобест, ки тай кардани он кори бас мушкил аст. Ту бояд ғолиби нафси хеш бошӣ, на нафс ғолиби ту! Дар роҳат ҳархел одамон вомехӯранд ва туро бо ҳар баҳонаву бо ҳар амал «бероҳа» кардан мехоҳанд. Агар аз пиштат бачаҳо гарданд, ту фахр накун ё «обуадо» нашав! Агар онҳо Туро дӯст медоштанд, падару модарашонро ба хонаат равон мекарданд ё туро аз ҳама чашмҳои баду аз амалҳои нопок пинҳон мекарданд. Дар донишгоҳ ҳазорон хостгор дорӣ, вале танҳо хостори як шабанд. Дар хиëбону кӯчаҳо садҳо ронандаи шахсӣ дорӣ, аммо мақсади ҳама як макони хомӯш асту бас. Каме агар фикр кунӣ, баданат ларза мегирад. Нияти онҳо нопок аст… Ту мисли офтоб бош, зебо бош, равшанӣ бикун, аммо ягон касро ба худ наздик кардан намон! Кӯшиш кун, ҳатто онҳо ба сӯят назаре накунанд ва имону покдоманиат тарсанд. Ту то оиладоршавӣ ва вохӯрӣ бо ман, яъне бо шавҳари ояндаат талаби илму ҳунар бикун! Хон, илму ҳунар омӯз. Агар аз пайи донишомӯзиву ҳунаромӯзӣ шавӣ, ҳеҷ гоҳ ғамгин намешавӣ. Истироҳат кун, дар манзараҳои зебо сайругашт кун ва бештар китоб мутолеа бикун.

Азизам огоҳ бош! Фарзанди солиму солеҳ аз зани солиму солеҳа ба дунё меояд ва дар хонадони солим ба камол мерасад. Имрӯзҳо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ бӯҳронӣ маънавӣ ба авҷи аълояш расидааст ва фаҳшу фасод ошкоро тарғиб карда мешавад, туро лозим аст, ки бо риъояти амру наҳиҳои Илоҳӣ зиракиро аз даст надода, дар шаръи Шариф устувор бош!

Туро дӯст медорам ва интизори туям! Парешон нашав, ман худамро барои ту нигоҳ медорам!

Мо дар Telegram