Маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори “Рӯзи матбуоти тоҷик”

11.03 511 марти соли 2021 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ифтихори “Рӯзи матбуоти тоҷик” маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Чорабинӣ бо дақиқаи хомӯшӣ ба ёди гузаштагон аз бемории сироятии Ковид-19 ифтитоҳ шуд.

Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода чорабиниро бо сухани табрикӣ ҳусни оғоз бахшид.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода паёми шодбошӣ ироа намуда, аҳли қаламро бо рӯзи иди касбӣ табрик гуфта, ба рӯзноманигорон барои дастгирии сиёсати созандаи роҳбарияти олии мамлакат ва саҳми арзандаашон дар таблиғи арзишҳои миллӣ изҳори сипос кард.

Раиси Иттифоқи журналистони Зиннатулло Исмоилзода низ рӯзноманигоронро табрик гуфта, дар вазъияти тантанавӣ радиои сол, телевизиони сол, маҷалла, агентӣ, маркази матбуот, рӯзноманигор ва коршиноси солро эълон намуд. Зиннатулло Исмоилзода иброз дошт, ки барандагони Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар соли 2020 муайян шудаанд ва аз собиқадорони соҳа хоҳиш кард, ки ба ғолибон ҷоизаро супоранд.

Сипас, аз ҷониби Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода 14 нафар собиқадорон бо мукофотҳои пулӣ, 53 нафар бо нишони “Аълочии фарҳанги Тоҷикистон”, 44 нафар бо нишони “Аълочии матбуоти Тоҷикистон”, 34 нафар бо “Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва 48 нафар рӯзномаву маҷалла, нашриёту матбаа, агентии иттилоотӣ ва шабакаҳои радио ва телевизион бо сипосномаҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамчунин, Муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён барои фаъолони соҳаи матбуоти вазорат ҷоизаҳо тақдим намуд.

Боиси зикр аст, ки ҳамасола 11 март – Рӯзи матбуоти тоҷик чун иди касбии кормандони воситаҳои ахбори омма, матбуот ва табъу нашр таҷлил карда мешавад ва он ба нашри нахустин рӯзномаи тоҷикӣ — «Бухорои шариф», ки шумораи аввалинаш 11 марти соли 1912 интишор ёфта, дастраси хонандагон гардида буд, иртибот дорад. Таҷлили ин сана дар ҷумҳурӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ, яъне аз соли 1994 ба расмият даромадааст.

11.03 111.03 2

11.03 3

 

 

 

 

 

 

 

 

 

11.03 611.03 711.03 911.03 1011.03 1111.03 1211.03 1311.03 1411.03 1511.03 1611.03 1811.03 19


Мо дар Telegram