Маҳмадҷон Ҳабибуллоев аз вазифаи сармураббии «Кӯктош» истеъфо дод

Сармураббии дастаи футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ Маҳмадҷон ҳабибуллоев аз вазифааш истеъфо дод.

Дар ин бора ба дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон худи мутахассиси 55-сола хабар дод.

«Ба ҳар як футболбоз барои кори якҷояамон сипосгузорӣ мекунам. Ба мухлисони “Кӯктош”, ки ҳама вақт дастаро ҷонибдорӣ менамуданд, сипосгузории алоҳида баён менамоям. Сабаби ба истеъфо рафтанамро намехоҳам баён созам. Бигзор ин мавзу байни ман ва роҳбарияти даста монад”, – гуфт Маҳмадҷон Ҳабибуллоев истеъфои худро шарҳ дода.

Ёдрас мешавем, ки Маҳмадҷон Ҳабибуллоев моҳи июли соли гузашта ба вазифаи сармураббии “Кӯктош” таъин шуда буд. Зери роҳбарии ӯ дастаи “Кӯктош” дар мавсими футболи соли гузашта, дар қаҳрамонии футболи кишвар соҳиби мақоми чорум гардид.

Мо дар Telegram