КӮМАКИ ЯКВАҚТАИНАИ ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ БА 100 НАФАР ЯТИМОНУ КАМБИЗОАТОН ДАР АРАФАИ ҶАШНИ НАВРӮЗ

 

Ҳар ки хандонад ятими хастаро,

Боз ёбад Ҷаннати дарбастаро.


Табақаи ниёзманди ҷомеа, бахусус ятимону бепарасторон ва камбизоатон, ки ба ғамхориву кумаки ҳамешагӣ ниёз доранд, таҳти назорати доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, махсусан дар арафаи ҳар иду ҷашнҳо бо кумаки моддиву молӣ фаро гирифта мешаванд. 

Дар арафаи ҷашни байналмиллалии Наврӯз бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандона ва ятимпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯмаки яквақтаинаи моддӣ ба хонандагони МД Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи Миратулло Атоев ва МД Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ дар ҳаҷми 100 (сад) адад туҳфаҳо расонида шуд.

Кӯмак аз ҷониби Муовини вазири фарҳанг Шарифзода Манучеҳр Муртазо ба хонандагон тақдим гардид. Хонандагону тарбиятгирандагони ин мактаб-интернатҳо аз ин иқдом изҳори хушҳолӣ ва шодӣ намуда, бори дигар эҳсосоташонро баён доштанд, ки имрӯз мо бепадару модар нестем, балки Ватан ва роҳбарияти олии кишвар падару модар ва ғамхори мо мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки иқдомҳои Вазорати фарҳанг дар самти дастгирии моддию маънавии қишри осебпазири ҷомеа аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат сарчашма гирифта, он мунтазам амалӣ карда мешавад.


Абдусаломов М.М.

 

Мо дар Telegram