Кӯмаки низомиёни Русия ба оилаҳои серфарзанд дар деҳаи Исамбай

Низомиёни пойгаҳи 201-уми Русия  бо иқдоми хайрия ба хонаҳои оилаҳои камбизоат ва серфарзанд дар деҳаи Исамбайи 80 км дуртар аз Душанбе ва ташриф оварда, ба онҳо кӯмакҳои худро тақдим намуданд. 

Ин иқдом ҳамассола аз тарафи пойгоҳи ҳарбӣ ва шурои занони аъзоёни оилаи ҳарбиён анҷом дода мешавад. 

Оилаҳои камбизоат ва серфарзанд кӯмакҳоро дар шакли либосҳои гарми зимистона, пойафзол  ва маҳсулоти хурокворӣ аз қабили шакар, равған, биринҷ, гушт, орд, шир, равғани қаймоқ ва ғ. гирифтанд. Ба фарзандони мактабхони ин оилаҳо бошад лавозимотҳои мактабӣ қаламҳои ранга, дафтар, фломастер, албом, рангҳо тақдим карда шуд.  

Пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русия дар Тоҷикистон мустақаршуда барои ҳифзи сарҳадҳои ҷанубии ИДМ фаъолият мекунад ва макони ҷойгиршавӣ онҳо шаҳрҳои Бохтар ва Душанбе мебошанд.

Кӯмаки низомиёни Русия ба оилаҳои серфарзанд дар деҳаи Исамбай

Ангишти ройгон барои камбизоатон

Мо дар Telegram