Кӯмак ба 26 омӯзгор дар шаҳри Хуҷанд

Дар давраи ҳамагирии пандемияи коронавирус, Донишкадаи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд дар кӯмак ба устодони худ бетараф набуд.

Тавре хабар дод Дилафруз Саиди, директори муассисаи таълимии мазкур, ба муаллимони бемории илтиҳоби шуш ва коронавирус шуда кумакҳои пулӣ расонида шуд, ки маблағи умумӣ ба 20 000 сомонӣ расид.

Ба ғайр аз ин, боз муаллимон ба истироҳатгоҳҳои вилоят барои барқарор намудани саломатӣ равон шуданд.

Дилафруз Саидӣ оиди 2 нафар муаллимони фавтида аз Covid-19 низ хабар дод.

Дар Донишкадаи техникии шаҳри Хуҷанд 4 факултаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ фаъолият мекунад. Шумораи умумии донишҷӯён ба 4600 нафар баробар мебошад.

Мо дар Telegram