КОВИД-19: Таваҷҷуҳи аврупоиён ба воксани русии «Спутник V» меафзояд

КОВИД-19: Таваҷҷуҳи аврупоиён ба воксани русии  «Спутник V» меафзояд

Аз 8-уми марти соли равон дар пойтахти Бразилия қуюди шабгардӣ эълон шуд. Сабаб авҷи нави сирояти коронавирус дар ин шаҳр аст. Мардум аз соати 22:00 то 05:00 субҳ ҳақи гаштугузор дар кӯчаҳо надоранд. Тибқи қарор ин низом то 22 март идома хоҳад кард.

Ширкати сармоягузории испонии  IberAtlantic дар мавриди имкониятҳои истеҳсоли воксани  «Спутник V» дар қаламрави худ саргарми гуфтушунид шудааст.

Аз 5 – уми март шумори фавтидагон аз коронавирус дар Шветсия 39 нафар афзудааст.

Шумори мубталоён ба коронавирус дар қораи Африқо ба 3,967 миллион нафар расидааст.

Тунис аввалин бастаҳои воксани русии «Спутник V»-ро дарёфт кард.

Муддати як сол Эрон аз Кореяи Ҷанубӣ  3,12 миллион доза воксани тавлиди ширкати британиёиву шведии AstraZeneca –ро ворид хоҳад кард.

Чин аввалин кишвари олам аст, ки барномаи шиносномаҳо барои воксаншудагонро қабул ва роҳандозӣ мекунад.  Гуфтугӯҳо дар мавриди ин гуна шиносномаҳо дар кишварҳои дигари олам низ дар ҷараёнанд.

Дар остонаи Бозиҳои тобистонаи олимпӣ мақомоти Ҷопон имкони ҷорӣ кардани маҳдудияти шумораи одамоне, ки ба кишвар ворид мешаванд, баррасӣ мекунанд. Ин маҳдудиятҳо метавонанд рӯзи 21 март, вақте ки вазъияти фавқулодда дар минтақаи пойтахт лағв мешавад, эътибор пайдо кунад.

Шумори умумии сироятшудагон ба вируси корона дар Қувваҳои мусаллаҳои Кореяи Ҷанубӣ ба 603 нафар расидааст.

Ҳукумати Эстония дар ҷаласаи ғайринавбативу изтирории худ, ки рӯзи сешанбе баргузор шуд, аз 11 март то 11 апрели соли равон дар саросари кишвар маҳдудяитҳои нави зидди коронаӣ ҷорӣ намуд.

Дар шабонарӯзи гузашта дар Русия боз 9445 сироятшудаи нав ба КОВИД-19 ошкор шуд.

Русия аввалин муоҳадаи истеҳсоли воксани «Спутник V» дар қаламрави Иттиҳодияи Аврупоро имзо кард. Қарор аст аз моҳи июли соли ҷорӣ ширкати дорусозии итолёвиву швейтсарии Adienne, ки дар Ломбарди-дар шимоли Италия фаъолият мекунад, ба истеҳсоли ин воксан оғоз кунад. Ин ҳам дар ҳолест, ки Агентии аврупоии доруворӣ ҳоло истифодаи воксани русии  «Спутника V»-ро дар қаламрави давлатҳои узви ИА иҷозат надодааст. Вале баъзе аз ин кишварҳо аллакай аз ин воксани русӣ истифода мекунанд.

Қирғизистон ҳам аз коҳиши сатҳи мубталоён ба коронавирус хабар дод.  

Ҳамчуноне хабар дода будем, аввалин бастаҳои воксани зидди коронавирус ба Тоҷикистон ҳам расиданд.
192 000 воя воксани зидди коронавирус рӯзи гузашта тавассути парвози махсуси Сомон-Эйр аз Деҳлӣ ба Душанбе расид

барчасп: 
Мо дар Telegram