КОВИД-19: Олам боз дар рӯ ба рӯ бо афзоиши мубталоёни нав ба коронавирус қарор гирифтааст

КОВИД-19: Олам боз дар рӯ ба рӯ бо афзоиши мубталоёни нав ба коронавирус қарор гирифтааст

Сарвари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус дар як брифинги матбуотӣ хабар дод, ки бори аввал дар ҳафт ҳафтаи охир дар олам афзоиши шумори мубталоёни нав ба коронавирус ба қайд гирифта шуд. Дар кишварҳои Аврупо аввалин нишонаҳои болоравии сатҳи гирифторӣ ба КОВИД-19 мушоҳида мешавад. Баъди коҳиши шумори мубталоёни нав аз аввали моҳи феврали соли равон нишонаҳои афзоиши гирифторон дар Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ ва кишварҳои Балкан мушоҳида шудааст.

Ангола рӯзи сешанбе аввалин кишвар дар қисмати ҷанубии қораи Африқо шуд, ки дар доираи барномаи  COVAX соҳиби воксан гашт.

Москав тасмим гирифтааст бастаи воксани «Спутник V»-ро барои эмкунии вакилони палатаи поёнии парламони Афғонистон ройгон ба Кобул ирсол кунад.

Ширкатҳои машҳури сайёҳии Таиланд ахиран ба ҷамъоварии имзо барои боз кардани марзҳои ин кишвар барои гардишгарони хориҷӣ аз аввали моҳи июли соли равон пайвастанд.   

Шабонарӯзи гузашта дар Русия 10 565 ҳодисаи нави сироят ба вируси коронаро ба қайд гирифтанд: ин пасттарин нишондиҳанда аз 4 октябри соли гузашта буд. Дар Қувваҳои мусаллаҳи ин кишвар бештар аз 31 ҳазор нафар мубтало ба ин вирус шуданд.

Қазоқистон хабар дод, ки зарфи 24 соати сипаришуда 658 ҳодисаи нави гирифторӣ дар коронавирусро ба қайд гирифтааст.

Вазъи вобаста ба коронавирус дар Ӯзбекистон ба эътидол омадааст, аммо ҳолати ба миёномада дар арсаи ҷаҳонӣ ва пайдоиши штаммҳои нави коронавирус талаб мекунанд, ки аҳолӣ саросар эм карда шаванд. Донишмандони Ӯзбекистон барои таҳия ва тавлиди воксани ватанӣ пайваста дар талошанд, аммо то ба ин дам ягон доруи омодашуда вуҷуд надорад. Вазорати тандурустии ин кишвар ҳамон воксанҳоеро, ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ қабул кардааст, аз санҷиш мегузаронад.  Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки дар ин ҷумҳурӣ санҷиши воксани чинии ZF-UZ-VAC2001 ба анҷом расидаву барои истифода ба қайд гирифта шудааст. Барои саҳмгузорӣ дар санҷишу таҳқиқ Ӯзбекистон чун шарикмуаллифи таҳияи ин воксан эътироф шудааст.

барчасп: 
Мо дар Telegram