Коронавирус ҳамаро дар ҳаяҷон гузошт

Коронавирус ҳамаро дар ҳаяҷон гузошт

Аз нақли як савдогари тоҷик дар Руссия:

Дустони азиз, шахсан ман дар соҳаи савдо, аслан дар меваҷоту сабзавот кор мекунам, ба таври оптом мефурушем борро, ва ҳатто ба кори мо низ таъсири калони худро расонд ин вируси тоҷдор.

 Аз як ҷиҳат гирем агар, савдо бениҳоят хуб шуд, одамон қариб се маротиба бештар бор хариданро сар кардан. Аз ҳама савдои калони ман ин дар соли нав буд, тақрибан 11 тонн мевагиву сабзавот фурухтам, аммо шумо ҳатто тасаввур кардан наметавонед, ки ман дируз, 18 март чиқадар савдо кардам? Бале, қариб ду маротиба зиёдтар, 23 тонн!

Яъне ин маънои онро дорад, ки одамон дар ҳақиқатҳам дар ҳаяҷон афтидаанд, ва бениҳоят зиёд бор харидаистодаанд. Хусусан аз ҳамин сабаб нархи бор бениҳоят қимат шуд дар оптом, акнун шумо тасаввур кунед, ки то ба харидори одди бо кадом нарх рафта мерасад?!

 Дар охир гуфтан мехостам, ки ҳеҷ гоҳ худро ба тарс надиҳед, хурока ба ҳама мерасад, танҳо ба саломатиатон аҳамияти ҷидди бидиҳеду тамом. Боқи дар паноҳи Худо бимонед!

Мо дар Telegram