Корхонаи автомобилии Русия дар Тоҷикистон

Тоҷикистон ва Русия ҳамкориҳои дуҷонибаро тақвият дода, ҳамкорӣ дар самти бунёди корхонаҳои нақлиётиро ба роҳ мемонанд, гуфт намояндаи тиҷоратии Русия Еҷгений Коренков дар мусоҳиба бо Спутник Тоҷикистон. 

Гуфтушунидҳо оиди сохтани корхонаи муштарак барои васл кардани таъмирхонаҳои сайёр гузаронида истодаанд. Ин  таъмирхонаҳо ба ғайр аз таъмири мошинҳо боз намудҳои хизматрасонии таъмирҳои садамавӣ, канализатсионӣ ва электротехникиро низ доранд. 

Евгений Коренков иброз намуд, ки корхонаи муштарак дар сурати ба мувофиқа расидан, дар минтақаи иозоди иқтисодии “Панҷ” бунёд мешавад ва якбора метавонанд дар бозорҳои дохилии Тоҷикистон ва Афғонистон ҷойи худро пайдо кунад.

Корхона дар асоси ширкатҳои ГАЗ, КамАЗ, Урал бунёд хоҳад шуд.

Корхонаи автомобилии Русия дар Тоҷикистон

Корфармоёни Русия боз барои қабули муҳоҷирон ба Тоҷикистон меоянд

Мо дар Telegram