Корфармоёни Русия боз барои қабули муҳоҷирон ба Тоҷикистон меоянд

Намояндагони ширкати “Техстрой” то охири ҳафта бояд ба Тоҷикистон биёянд.

Дар ин бора Спутник Тоҷикистон бо истинод ба сардори хадамоти муҳоҷирати вилояти Суғд Зайнура Шарифӣ хабар дод, ки ширкати Москвагӣ нақша дорад дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Душанбе қабули муҳоҷиронро гузаронад.

Дар ҳоли ҳозир соҳибкорон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо сафари корӣ қарор дошта, дар Тошканд бо коргарон мулоқотҳо доир намуда истодаанд, баъдан ба Тоҷикистон омада шартномаҳо корӣ дар Россия ба имзо мерасонанд.

“Тавре ҳамкорон ба мо нақл кардан, вохӯрӣ бо муҳоҷирони ӯзбек баъди 3 рӯз ба анҷом мерасад ва намояндагони “Техстрой” ба шаҳрҳои Хуҷанд ва Душанбе барои даъвати кор ба муҳоҷирон меоянд”- хабар дод Шарифӣ.

Дар давоми вохӯриҳо ширкати корфармои Русия  “Техстрой” нақша дорад то 500 созишномаи ҳамкорӣ бо шаҳрвандони Тоҷикистон ба имзо расонад. Дар ин созишномаҳо масъалаҳои парвозҳои чартерӣ, ҳуҷҷатгузорӣ ва таъмин бо ҷойи хоб қайд карда мешавад.

Қаблан намояндагони ширкати Русия ба Тоҷикистон ташриф оварда, созишномаҳо баста буданд.

Мо дар Telegram