Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ

1580

Тибқи дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия, Раҳимзода Рамазон Ҳамро санаи 17-августи соли 2020 дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон соли омузиши фанни фаъолияти оператвӣ-ҷустуҷӯӣ эълон гардид буд.
Аз рӯи нақшаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҳайати профессорону омузгорони кафедраи ташкили тактикаи фаъолияти оператвӣ-ҷустуҷӯӣ факултети №6, санаи 25 феврали соли 2021, конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯӣ «Амалигардонии фаъолияти оператвӣ-ҷустуҷӯӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ» гузаронида шуд.
Дар конференсияи мазкур намояндагон аз Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти Гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи Руссия-Тоҷикӣ (Славянӣ), Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати кофтуковӣ ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавононӣ Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, оид ба мавзӯи «Амалигардонии фаъолияти оператвӣ-ҷустуҷӯӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ» вобаста ба фаъолияти кориашон дар масъалаҳои гуногун маъруза намуданд.

1581

Дар анҷоми конференсия аз ҷониби роҳбарияти Академия ба маърузачиён бо туҳфаҳои хотиравӣ қардонӣ шуданд.

Аҳтамшозода С.А., Сафарзода С.Н.

 

Мо дар Telegram