Конференсияи илмӣ — назариявӣ дар мавзӯи «Ҳаёт ва эҷодиёти рассом, наққош, омӯзгор-арбоби ҳунари Тоҷикистон, Анваршо Сайфудинов»

26.03.21.5Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 марти соли 2021 дар Муассисаи давлатии «Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов» конференсияи илмӣ — назариявӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Ҳаёт ва эҷодиёти рассом, наққош, омӯзгор-арбоби ҳунари Тоҷикистон, Анваршо Сайфудинов» баргузор гардид.

Конференсия бо сухани муқаддимавӣ директории коллеҷ Ҷурахонзода Сироҷиддин ифтитоҳ гардида, сифатҳои беҳтарини омӯзгорӣ ва истеъдоди баланду нотакрори рассомии Анваршо Сайфудиновро ба таври махсус таъкид шуд.

Бо маърӯзаҳои худ дар конференсия роҳбари шӯрои методии коллеҷ Солиева Ҳ, омӯзгори фанни таърихи санъат ва фарҳанги миллӣ Назаров Т., омӯзгори фанни таърихи санъат ва фарҳанги ҷаҳон Сарыева К. ва донишҷӯёни бахши 4-ум Эргашева Дилноза, Юсуфова Шукрона ва Худоёрова Асол баромад карданд.

26.03.21.4

Ҳамзамон дар чорабинӣ меҳмонон иштирок доштанд ва дар анҷом меҳмонон фикрҳои худро оиди бештар гузаронидани чунин конференсияҳо, бахшида ба эҷодиёти дигар рассомони тоҷик баён карданд.

Дар анҷом Анваршо Сайфудинов ба маъмурияти коллеҷ, ва ҳамаи онҳое, ки дар ташкил ва баргузор намудани конференсия даст доштанд, изҳори ташаккур намуд.

 

Мо дар Telegram