Конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба таъсисёбии “Рӯзи криминалистика — 1 март” дар факултети №4-и Академияи ВКД

1598

Мутобиқи нақшаи корҳои илмӣ – тадқиқотӣ ва таълимӣ — методии устодони кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиаи ҷиноятӣ барои соли таҳсили 2020-2021 рӯзи 26-уми феврали соли 2021 дар толори факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба таъсисёбии «Рӯзи Криминалистика — 1 март» дар мавзӯи «Нумӯъ ва рушди илми криминалистика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ташкил ва баргузор гардид.
Коференсияи илмӣ-амалиро сардори факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, полковники милитсия Одиназода А.Ш. бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, муфассал доир ба мафҳуму моҳияти фан, аҳамият ва робитаи он байни кормандони мақомоти таҳқиқ, тафтишот, муассисаҳои экспертӣ ва суд оид ба муқаррар кардани ҳақиқати воқеӣ дар мурофиаи судӣ – ҷиноятӣ, таъмини адолати судӣ ва пешгирии ҷиноят маълумот дод.

1599

Сипас аз рӯйи барномаи конференсия дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиаи ҷиноятӣ полковники милитсия Мақсадзода О.И. дар мавзӯи «Нумӯъ ва рушди илми криминалистика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», дотсенти кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисос подполковники милитсия Муҳиддинзода Х. дар мавзӯи “Таърихи пайдоиши баллистикаи судӣ“, дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиаи ҷиноятӣ, полковники милитсия Муллобоев М. дар мавзӯи
“Ҳамкории мақомоти тафтишот бо шӯъбаи ташхисӣ-криминалистӣ зимни баргузории амалҳои тафтишотӣ” ва курсанти курси 4-уми факултет қатории милитсия Ҳасанова Ё. дар мавзӯи: “Система (низом)-и фанни криминалистика” баромадҳои ҷолибу хотирмонро бо слайдҳо ва аёниятҳо пешкаш намуданд.

Қисмати назариявии конференсия бо намоиши филми таълимии «Тактикаи баргузории амали мурофиавии кофтуков» ба итмом расида, дар қисмати амалии он аз ҷониби муовини сардори ШТК РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд подполковники милитсия Маҳмудзода С.М. ва сардори шуъбачаи криминалистии ШТК РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят Суғд майори милитсия Азиззода Ҳ.А. дар саҳни факултет “Тарзу усулҳои азназаргузаронии ҷойи ҳодиса доир ба ҷинояти куштор бо истифодаи силоҳи оташфишон” бо истифодаи воситаҳои техникӣ-криминалистӣ ба курсантон намоиш дода шуд.

1600

Дар конференсияи ҳайати профессорону омӯзгорони факултет ва курсантони курси чорум фаъолона иштирок намудаанд.

Дотсенти кафедраи ҳуқуқи
ҷиноятӣ ва мурофиаи ҷиноятии
факултети №4 Академияи ВКД,
полковники милитсия
Мақсадзода О.И.

Мо дар Telegram