Конференсия доир ба фаъолияти эҷодии рассом Анваршо Сайфудинов

18.03.21.2Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи санъати ороиши амалӣ ва монументалии факултети санъати тасвирӣ бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии омӯзгори варзидаи донишкада, рассоми навовару мумтоз, Арбоби ҳунари Тоҷикистон Анваршо Сайфудинов конференсияи эҷодӣ-назариявии кафедравӣ баргузор гардид.

Конференсияро бо сухани муқаддимавӣ ректори донишкада, номзади илмҳои меъморӣ Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат кушода, сифатҳои беҳтарини омӯзгорӣ ва истеъдоди баланду нотакрори рассомии Анваршо Сайфудиновро ба таври махсус таъкид намуд.

Сипас, гурӯҳи калони ҳамкасбони рассом-омӯзгор, аз ҷумла, омӯзгори кафедраи санъатшиносӣ, рассом-ороишгари кино ва театр Манзура Улҷабоева, мудири кафедраи санъати ороиши амалӣ ва монументалӣ Муноҷот Бойматова, омӯзгори кафедраи санъатшиносӣ Солмаз Мустафоева ва донишҷӯи курси чоруми ихтисоси наққошии донишкада Зуҳрои Шералӣ доир ба паҳлуҳои гуногуни эҷодиёти рассом Анваршо Сайфудинов бо маърӯза баромад карданд.

Дар анҷом Анваршо Сайфудинов ба роҳбарияти донишкада, кафедраи санъати ороиши амалӣ ва монументалӣ ва ҳамаи онҳое, ки дар ташкил ва баргузор намудани конференсия даст доштанд, изҳори ташаккур намуд. 

Мо дар Telegram