Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов сазовори ҷои аввал гардид

09.03.21.7Бо мақсади дарёфти камоли маънавӣ ва дар вуҷуди насли ҷавон бедор намудани эҳсоси ватанпарастиву хештаншиносӣ дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба Рӯзи Модар бо роҳбарии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ ва ҳамкории Раёсати маорифи ноҳия санаи 1 марти соли равон дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишҷӯёни Коллеҷҳои ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ даври ниҳоии озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи “Модар яктост-Тоҷикистон яктост” баргузор гардид.

Бо дастгирии директори Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов Салоҳиддин Раззоқов аз муассиса се нафар донишҷӯёни фаъол дар озмун иштирок карда, дар бораи Ватани азизи худ-Тоҷикистон иншо навиштанд.

Ҳар як иншои хонандагон ва донишҷӯёнро доварон ҳаматафа санҷида, ғолибонро муайян намуданд. Аз рӯи хулосаи доварон ғолиби-озмун донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов Раҷабова Мавлуда эълон шуда, сазовори ҷои аввал гардид.

3-юми марти соли равон дар фазои идона аз ҷониби корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ Раҳматулло Аҳмадзода ва намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Раёсати маориф ба ғолибон мукофоту Ифтихорнома ва ба устодони онҳо Сипосномаҳо тақдим гардид.




Мо дар Telegram