Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов ғолиби озмуни “Суруди модар-Алла” гардид

09.03.21.84 марти соли 2021 Шӯъбаи кор бо занон ва оила дар якҷогӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рӯдакӣ озмуни ноҳиявии “Суруди модар-Алла”-ро дар байни донишҷӯёни Коллеҷи техникию омӯзгорӣ, Коллеҷи тиббӣ ва Муассисаи давлатии Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов баргузор намуданд. Дар озмун донишҷӯёни Коллеҷи фарҳанг бо роҳбарии директори таълимгоҳ Раззоқов Салоҳиддин иштирок намуданд.

Аз рӯи шартҳои озмун: саломномаи дастаҳо, рақси якка, саҳначаи тарбиявӣ, суруди алла, печонидани кӯдаки навзод, омода намудани хӯриши баҳорӣ донишҷӯён ҳунар ва маҳорати худро пешниҳоди ҳакамон гардониданд.

Доварон баромади ҳар як иштирокчии озмунро бо таваҷҷуҳи хоса тамошо карда, ба онҳо баҳои арзанда доданд. Дар ҷамъбасти озмун аз ҷониби ҳакамон донишҷӯёни Муассисаи давлатии Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов, ки талаботҳои озмунро пурра риоя намуда, ҳамаи шартҳои озмунро дар сатҳи баланд иҷро намуданд, сазовори ҷои аввал гардиданд.

09.03.21.9

09.03.21.10

Мо дар Telegram