Коллеҷи фарҳанг ба мувафаққиятҳои нав ба нав ноил мегардад

Коллеҷи фарҳанг ба мувафаққиятҳои нав ба нав ноил мегардадБа истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи Партов Бӯйдоқов имрӯзҳо аз тамоми имкониятҳо истифода бурда, корҳои созандагию бунёдкориро вусъати тоза бахшида истодааст. Тамоми синфхонаҳо бо таҷҳизоти муосири равшандиҳанда таъмин гардида, дар синфхона ва долонҳо аёниятҳои ба талаботи замон мувофиқ насб карда шудаанд. Роҳравҳо ба тозагӣ бетонрезӣ шудаанд.

6 феврали соли 2021 дар муассиса ҳашари дастаҷамъона гузаронида шуда, аз ҷониби устодон ва донишҷӯёни коллеҷ дар ҳудуди таълимгоҳ зиёда аз 500 бех гулу гулбутаҳои ороишии садбарг шинонида шуд, ки ин иқдоми наҷибу шоиста боиси зеботар шудани саҳни муассисаи таълимӣ гардидааст.

Инчунин, ҳашарчиён бехи дарахтонро бо пуррагӣ нарм карданд ва синфхонаҳоро тозаю озода намуданд.

Мо дар Telegram