КМВА чорумин дастаи иштирокчии марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсия-2021 аз минтақаи Душанбе шуд

КМВА-и Душанбе чорумин дастае шуд, ки аз марҳилаи пешакӣ дар минтақаи Душанбе ба бозиҳои марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсия-2021 роҳхат гирифт.

Бозиҳои даври ҷамъбастӣ дар гурӯҳи “А”-и минтақаи душанбегии Ҷоми ФФТ-2021 рӯзи чоруми феврал баргузор шуданд. Бозӣ байни дастаҳои КМВА ва “Регар-ТадАЗ” бо ҳисоби баробари 2 бар 2 анҷом ёфта, “Локомолтив-Помир” бо ҳисоби калони 5 бар 2 “Шоҳмансур”-ро шикаст дод.

Ба ин тартиб, аз минтақаи Душанбе аз гурӯҳи “А” ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсия-2021, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад,  дастаҳои “Регар-ТадАЗ” ва КМВА, аз гурӯҳи “Б” бошад дастаҳои  “Истиқлол” ва “Барқчӣ” роҳ ёфтанд.

Имсол минтақаи Хатлонро дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсия-2021 дастаҳои “Хатлон”-и Бохтар ва “Равшан”-и Кӯлоб, минтақаи Суғдро бошад дастаҳои “Эсхата-2”-и Хуҷанд ва “Мастчоҳ”-и Мастчоҳ намояндагӣ мекунанд.

 

Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2021

Марҳилаи пешакӣ. Минтақаи Душанбе

Гурӯҳи «А». Даври 5-ум

КМВА – «Регар-ТадАЗ» – 2:2

Голҳо: Амин Эргашев, 9 (0:1). Фирӯз Бобиев, 65 (1:1). Фирӯз Бобиев, 89 – аз пеналти (2:1). Акбар Бобомуродов, 90+1 (2:2).

Аз майдон хориҷ шуд: Алишер Шарипов («Регар-ТадАЗ»), 77 – корти 2-юми зард.

 

«Шоҳмансур» – «Локомотив-Помир» – 2:5

Голҳо: Умед Бадалов, 20 (1:0). Муҳаммад Саломзода, 41 (1:1). Чунуно Окиа, 46 (1:2). Зиёдулло Одинаев, 53 (2:2). Меҳроб Азимов, 74 (2:3). Чунуно Окиа, 77 (2:4). Чунуно Окиа, 88 (2:5).

 

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 4 3 1 0 11-6 10
2 КМВА (Душанбе) 4 2 2 0 10-5 8
3 «Кӯктош» (Рӯдакӣ) 4 2 1 1 10-4 7
4 «Локомотив-Помир» (Душанбе) 4 1 0 3 10-14 3
5 «Шоҳмансур» (Душанбе) 4 0 0 4 3-15 0
Мо дар Telegram