Китоби “Тоҷикон”-и Аллома Бобоҷон Ғафуров ба ҳар як хонадони ноҳияҳои Рашту Нуробод расид

30.03.21.4Таърихи худро надониста ояндаро бунёд кардан ғайриимкон аст. Таърихи инсоният гувоҳ аст, ки халқи тоҷик аз замони қадим чун мардуми созандаву бунёдкор маъруф аст ва ин анъанаи неку бостонии хешро идома дода истодааст. Китоби «Тоҷикон»-и мутафаккири барҷаста, Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров намунаи бебаҳотарин ва безаволи таърихӣ буда, даҳсолаҳост, ки арзиши худро гум накардааст ва умри он ҷовидонӣ хоҳад буд. Пешвои арҷгузори таърихи тоҷикон, арҷгузори бузургон чун Ғафуров Бобоҷон ва хирадсолори тоҷикони ҷаҳон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми худ таъкид карда буданд, ки то ҷашни 30 – солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп гардида ба ҳар як хонадони тоҷик тақдим карда шавад.

Тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат китоби мазкур бо шумораи зиёд чоп гардида ба тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳар хонадон тақдим гардида истодаанд.

30.03.21.5Ин навбат санаи 16 то 24 март гурӯҳи корӣ дар шумули намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияҳои Рашт ва Нуробод бо роҳбарии Муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр Муртазо тибқи тартиби муқарраргардида китобҳои “Тоҷикон”–и Аллома Бобоҷон Ғафуровро ба ноҳияҳои Рашт ва Нуробод ба ҳар як оила ҳамчун туҳфаи таърихӣ, рамзӣ ва арзишманд супориданд.

Хушбахтона имрӯз ин китоби арзишманди таърихӣ дар ҳар як хонадони тоҷик, ҳатто дар дурдасттарин деҳаҳои кишвар ҳастанд.

Ёдовар мешавем, ки дар шароити кунуни ҳассоси бархурди тамаддунҳо, ҷаҳонишавии бемайлон ва баҳамоии омилҳои нави геополитикӣ хондану донистани таърих, фарҳанг ва тамаддуни аҷдодӣ барои фард-фарди Тоҷикистон бениҳоят муҳим арзёбӣ карда мешавад.


Мо дар Telegram