Киҳо дар аввал ваксина мегиранд? Тоҷикистон аввалин ваксинаҳоро ворид кард

Тоҷикистон нимашаби гузашта 192 ҳазор нахустин ваксинаҳои зидди коронавирусро ворид кард, хабар медиҳад вазорати тандурустии кишвар.

Қисми аввали ваксинаҳо шоми 8 марти 2021 дар доираи механизми ҷаҳонии дастрасии одилона ба ваксинаҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ тавассути парвози махсуси Сомон-Эйр аз Деҳлӣ ба Душанбе интиқол дода шуд. Боқимондаи ваксинаҳо дар ояндаи наздик марҳила ба марҳила ба Тоҷикистон интиқол дода мешаванд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе маросими расмии таҳвил ва қабули ваксинаҳо ба Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Хусейнзода, Сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Синх, Роҳбари намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Виктор Олсавски, Роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Мэрлин Йосефсон, Роҳбари намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Осама Маккавӣ ва дигар ашхоси расмӣ иштирок намуданд.

Киҳо дар аввал ваксина мегиранд?

Дар марҳилаи аввал тибқи нақшаи миллӣ ваксинаҳои воридшуда барои фарогирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар асоси принсипҳои ихтиёрӣ, аз ҷумла кормандони соҳаи тандурустӣ, соҳаҳои стратегии хоҷагии халқ, шаҳрвандони синну соли аз 60 сола боло, нафарони дорои бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ва кормандони соҳаи маориф ва илм нигаронида шудааст.

Дар баробари ин, аз ҷониби ҳукумати кишвар ҷиҳати фарогирии бештари аҳолӣ бо иммунизатсия бар зидди бемории COVID-19 дар ҳамкорӣ бо шарикон оид ба рушд ва вазорату идораҳои дахлдор чораҷӯиҳо вусъат дода шудаанд.

Сообщение Киҳо дар аввал ваксина мегиранд? Тоҷикистон аввалин ваксинаҳоро ворид кард появились сначала на YOUR.

Мо дар Telegram