Хуҷаста бод, Истиқлол! Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад

31.03.21.1Рӯзҳои 2-9 апрели соли 2021 дар саросари кишвар Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Хуҷаста бод, Истиқлол!» баргузор мегардад.

Муассисаи давлатии «Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар» ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо мақсади баланд бардоштани қадру манзалати китоб дар байни ҷомеа, инчунин тибқи Қарори маҷлиси ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти №1/2 аз 15 январи соли 2021, рӯзҳои 2-9 апрели соли равон дар миқёси ҷумҳурӣ Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Хуҷаста бод, Истиқлол!» бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баргузор менамояд.

Оғоз, ҷамъбаст ва рӯзҳои дигари баргузории фестивал тибқи нақшаи китобхонаҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо иштироки адибон, олимон ва шахсони маъруф сурат мегиранд.

Мақсади асосии баргузории фестивал ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, ташаккул ва такомули беҳтарин малакаҳои хониш, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи фарҳанги иттилоотии кӯдакону наврасон, ҷавонон ва ба ин васила дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ мебошад.

Дар ҷараёни баргузории фестивал таваҷҷӯҳи мақомоти дахлдори давлатӣ, аҳли ҷомеа, бахусус падару модарон, омӯзгорону мураббиён, олимону адибон, китобдорон ба мушкилоти раванди хониши кӯдакону наврасон, эҳтиёҷоти китобхонаҳои бачагона ва мактабии мамлакат, фароҳамоварии шароитҳои боз ҳам мусоид барои мутолиаи китоб ва ҳаллу фасли масъалаҳои табъу нашри китоб барои кӯдакону наврасон ҷалб хоҳад шуд.

Фестивал 2 апрел дар толори Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар, китобхонаҳои бачагонаи вилоятӣ ва китобхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳо, китобхона — филиал ва китобхонаҳои мактабӣ таҳти унвони «Хуҷаста бод, Истиқлол!» ба таври тантанавӣ оғоз меёбад.

Ҷамъбасти фестивал 9 апрел бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо иштироки китобдорон, фаъолон, ғолибони озмунҳо, аҳли илму адаб, намояндагони вазоратҳои фарҳангу маориф, васоити ахбори омма намоиши идона баргузор хоҳад шуд.

Бо мақсади муайян намудани ғолибони озмунҳо ва иштирокчиёни фаъоли фестивал дар назди ситодҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ ҳайати ҳакамон таъин мегарданд.

Дар ҷараёни фестивал озмунҳои гуногун гузаронида шуда, ғолибон бо китобҳо, тӯҳфаҳо, армуғонҳо, ифтихорномаву диплом, инчунин мукофотҳои пулӣ сарфароз мегарданд.

Созмондиҳандагон, иштирокчиёни фаъоли фестивал, китобдорон, адибону олимон, омӯзгорон, хонандагон, кормандони васоити ахбори омма, муассисаву ташкилотҳо, шахсони алоҳида аз ҷониби Кумитаи тадорукотӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо мукофотҳои пулӣ, тӯҳфаҳо, инчунин бо ифтихорномаҳо ва нишонҳои сарисинагии «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ карда мешаванд.

Мо дар Telegram