Хатми шунавандагони курси такмили ихтисос

1039

Вобаста ба амали намудани иҷроиши дастуру супоришҳои Прото-коли ҷаласаи селектории назди Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, оид ба масъалаҳои таъмини қонуният ва тарбияи кадрҳои кордону поквиҷдон ва дорои сатҳи баланди касбият, роҳ надодан ба кирдорҳои коррупсионӣ ва бартарафсозии камбудиҳо дар фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ баён гардид. Дар ин радиф дар заминаи факултети №6 ва факултети №3Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 январ то 10 феврали соли 2021 курси такмили ихтисос барои кормандони оперативии ВКД Ҷумҳурии Тоҷкистон бо ҷалби намояндагони РКҶ, РМЗҶМ, РМЗГҒММ, РАД, СМИТ, Маркази хадамоти кинологии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин олимон ва омӯзгорони пуртаҷрибаи кафедраҳои тахассусӣ дар синфхонаҳои махсус муҷаҳҳаз бо воситаҳои аёнии таълимӣ факултети №2 ва №6 дар сатҳи баланди касбӣ гузаронида шуд.

10401041

Баъди хатми курси мазкур бо фармоиши сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон №109 аз 09.02.2021 аз тарафи муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади илҳои ҳуқуқ, Ализода А.Ш., ва сардори факултети №3 н.и.ҳ., майори милитсия Амрудинзода М.А. ба шунавандагони сертификатҳо дода шуданд.

Маъруфиён Б.М., Саида Сафарзода.

 

Мо дар Telegram