«Хатлон» ва «Истиқлол» дар бозии ниҳоии Ҷоми ФФТ-2021

Дастаҳои футболи “Хатлон”-и Бохтар ва «Истиқлол»-и Душанбе ба бозии ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2021 роҳ ёфтанд.

Дар даври ниманиҳоии мусобиқа «Хатлон» дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бар «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад. Ҳарду голро легионер Жан Гатен ба самар расонид.

Дар бозии дигари даври ниманиҳоӣ дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар «Истиқлол»-и Душанбе «Регар-ТадАЗ-и Турсунзодаро бо ҳисоби 3:2 шикаст дод. Ба ду голи футболбозони «Регар-ТадАЗ» – Шерзод Маҳамадиев ва Диловаршо Ғаниев, бозигарони «Истиқлол» – Манучеҳр Ҷалилов (аз пеналти), Салам Ашурмамадов ва Зоир Ҷурабоев – бо се гол посух доданд.

Ба ин тартиб, дар бозии ниҳоии Ҷоми ФФТ-2021, ки рӯзи шанбеи 20-уми феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 15:00 шуруъ мешавад, «Хатлон» ва «Истиқлол» бо ҳам рақобат мекунанд.

Дастаҳои “Равшан” ва “Регар-ТадАЗ” барои ҷойи севум мубориза мебаранд. Ин бозӣ

рӯзи шанбеи 20-уми феврал дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор соати 11:00 оғоз меёбад.

Бояд тазаккур дод, Ҷоми ФФТ аз соли 2012 бори даҳум сурат гирифтааст. Ҳамагӣ чаҳор даста ин Ҷомро ба даст овардааст. “Истиқлол”-и Душанбе панҷ бор, «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ду бор, “Хайр”-и Ваҳдат ва “Кӯктош”-и Рӯдакӣ якборӣ барандаи Ҷоми ФФТ гардидаанд.

 

Ҷоми ФФТ-2021

Даври ниманиҳоӣ

«Хатлон» – «Равшан» – 2:0

Голҳо: Жан Гатен НД, 33 (1:0). Жан Гатен НД, 90+2 (2:0).

 

«Истиқлол» – «Регар-ТадАЗ» – 3:2

Голҳо: Шерзод Маҳамадиев, 5 (0:1). Диловаршо Ғаниев, 26 (0:2). Манучеҳр Ҷалилов, 56 – аз пеналти (1:2). Салам Ашурмамадов, 77 (2:2). Зоир Ҷурабоев, 82 (3:2).

 

20-уми феврал (шанбе)

Бозӣ барои ҷойи севум

11:00 – «Равшан» – «Регар-ТадАЗ». Варзишгоҳи марказии Ҳисор

Бозии ниҳоӣ

15:00 – “Хатлон” – “Истиқлол”. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

Мо дар Telegram