«Хатлон» ҷоизадори медалҳои биринҷии Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2021 шуд

Дастаи футболи “Хатлон”-и Бохтар дар бозӣ барои медалҳои биринҷии Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2021 бар дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо ҳисоби 1 бар 0 пирӯз шуда, соҳиби мақоми сеюм гардид.

Бозиҳо барои ҷойҳои таскинбахши 3-4, 5-6, 7-8 ва 9-10-и мусобиқа рӯзи 18 март дар майдонҳои футболбозии Осоишгоҳи “Баҳористон” ва Маркази таълимии Бонки миллӣ дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд баргузор шуданд.

Дар бозӣ барои ҷойҳои 9-10 “Кӯктош” бо ҳисоби 3:1 бар “Эсхата”, инчунин бо ҳамин ҳисоб дар бозӣ барои ҷойҳои 7-8 КМВА бар ҳайати ҷавонони “Хуҷанд” зафар ёфтанд. Дар бозӣ барои ҷойҳои 5-6 “Душанбе-83” бар «Истаравшан» бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад.

Бозии ҳалкунанда барои Ҷоми ЛФТ-2021 байни дастаҳои “Равшан”-и Кӯлоб ва “Файзканд”-и Восеъ рӯзи 19-уми март баргузор мегардад.

 

Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2021

Бозӣ барои ҷойҳои 9-10

«Кӯктош» – «Эсхата» – 3:1

Голҳо: Муҳсинҷон Абдуғаффоров, 14 (1:0). Амирҷон Раҳимов, 42 (1:1). Расул Пайзов, 50 (2:1). Алишер Шукуров, 85 (3:1).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Соҳибҷон Ҳакимов («Эсхата»).

 

Бозӣ барои ҷойҳои 7-8-ум

КМВА – «Хуҷанд-2» – 1:0

Гол: Феликс Тетте, 58.

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Феликс Тетте (КМВА).

 

Бозӣ барои ҷойҳои 5-6-ум

«Душанбе-83» – «Истаравшан» – 2:1

Голҳо: Кевин Нваси, 25 (0:1). Шавкати Ҳотам, 45 (1:1). Фарҳод Қосимов, 47 (2:1).

Аз майдон хориҷ шуданд: Леонел Люк («Душанбе-83»), 67 – корти 2-юми зард.

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Фарҳод Қосимов («Душанбе-83»).

 

Бозӣ барои ҷойҳои 3-4-ум

«Хатлон» – Тоҷикистон (U-17) – 1:0

Гол: Нуриддин Ҳамроқулов, 45+1.

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Куйе Годсон («Хатлон»).

 

Финал

19 март (ҷумъа)

Оғози бозӣ соати 9:30

«Равшан» – «Файзканд»

Гулистон, варзишгоҳи «Баҳористон-1»

Мо дар Telegram