«Ютэйр» чиптаҳояшро фурӯхӣ, навбат ба «Сомон-эйр»

Шаҳрвандони Тоҷикистон имрӯзҳо гирди нуқтаҳои фурӯши чиптаҳо ҷамъ омаданд ва барои мусофири аввалин шудан кушиш намуда истодаанд.

Аввалин парвозро аз Душанбе ба Москва ширкати «ЮтЭйр» 3 апрел анҷом медиҳад ва имруз намояндаи ширкат хабар дод, ки чиптаҳоро дастраси мардум намуданд. Тавре хабар медиҳад Азия-плюс шаҳрвандон омода буданд, ки чиптаро ба насия гиранд, вале ҷойҳо маҳдуд буданд.

Ширкати ҳавопаймоӣ тоҷикӣ «СомонЭйр» бошад дар навбати худ фурӯши чиптаҳоро оғоз менамояд.

Арзиши ҳадди аққали чиптаҳои ҳавопаймо аз Душанбе ба Маскав 3983 сомонӣ (349 доллар) ва аз Маскав ба Душанбе 1640 сомонӣ (143 доллар) муқаррар шудааст. 

Парвозҳои мунтазам миёни Тоҷикистону Россия аз 1 апрел бо риояи ҳамаи қоидаҳои пешгирӣ аз коронавирус барқарор шуданд.

"Ютэйр" чиптаҳояшро фурӯхӣ, навбат ба "Сомон-эйр"

Нархҳои чиптаҳои Москва-Душанбе-Москва эълон шуданд

Мо дар Telegram