Ҷонибдорон ва мухолифини Манижа дар “Евровидение-2021”

Хабари дирӯза ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистонро хушҳол намуд. Чунки бори нахуст дар таърих тоҷикдухтар россияро дар озмуни асосии Аврупо “Евровидение-2021” муаррифи хоҳад кард. Манижаи Сангин бо тақрибан 40% овоз дар даври интихоби, миёни дигар довталабон ғолиб омад.
Дар баробари мухлисони тоҷикистонӣ ва русиягӣ инчунин ҳунармандон ва шахсони машҳури Русия низ ақидаҳои худро баён намуда истодаанд. Филлип Киркоров, Юлия Савичева ва Иосиф Пригожин бовари доранд, ки Манижа бо суруди “Russian woman”-и худ, ё («Зани рус») метавонад ҷойи сазоворро ишғол намояд. 
«Ба назари ман, вай ҳатман ба даҳгонаи аввал дохил хоҳад шуд, агар дар панҷгонаи аввал шомил нашавад. Агар дар озмун беҳтар аз даври интихоби ҳунарнамои кунад», — гуфт Юлия Савичева.
Аммо, пайдо шудан шахсоне, ки баръакс бар он ақидаанд, ки ин қарори хуб нест Манижаро дар иштирок тасдиқ кардан. Сиёсатмадор В.Жириновский ва ҳунарманд Юрий Лоза ба комёбии Манижа бовари надоранд.

Мо дар Telegram