Ҷонибдории сиёсати ҳуқуқии Пешвои миллат дар Академияи ВКД

1560

Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ, бӯҳрони молиявию иқтисодӣ ва шиддат гирифтани зиддиятҳои минтақавию тамаддунӣ яке аз воситаҳои муҳими ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ, устувории давлати ҳуқуқбунёд ва ҳимояи манфиатҳои халқи Тоҷикистон, ин дуруст, бонизом ва мутобиқ ба арзишҳои башарӣ ва манфиатҳои миллӣ ба роҳ мондани сиёсати ҳуқуқии давлат мебошад.
Хушбахтона дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин сиёсати ҳуқуқӣ дуруст ва бо низом бароҳ монда шудааст.
Аҳамияти ин масъала дар ҷомеъаи имрӯза дар он зоҳир меёбад, ки бояд тамоми мардум аз ҷумла ҷавонон, ки ояндаи миллат ба ҳисоб мераванд ин арзишҳоро дарк намуда, барои ҳифз ва ташаккул ёфтани муносибатҳои ҳуқуқӣ дар ҷамъият нақши худро гузоранд.
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин самт саҳми беандоза мегузорад. Чунки ҳамчун муассисаи олии таҳилоти касбӣ барои эҳтиёҷоти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассис омода менамояд, ки дар оянда дар самтҳои гуногун ба монади: ҳифзи тартиботи ҷамаъиятӣ, тафтишот, кофтукови ҷиноятӣ ва ғайра фаъолият менамоянд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи маъориф таваҷҷуҳ зоҳир намуда таъкид ба он менамояд, ки бояд шароитҳои хуби таҳсилро фароҳам сохта, савияи дониши мардумро дар сатҳи зарурӣ баланд бардорем, чунки дар оянда тоҷикон боз ҳам миллати маорифпарвар боқӣ бимонанд.
Курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷкистон ҷонибдори ин сиёсати ҳуқуқӣ буда дар машғулиятҳо ва берун аз он кушиш бахарҷ медиҳанд, ки ба зиёд мутолиаи намудани китбҳои дарсӣ ва бадеӣ машғул шуда, савияи дониш ва малакаи касбиашонро баланд бардоранд ва барои ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро гузоранд.
Курсантон бо баробари дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷкистон таҳсил намуданашон дар озмунҳои шаҳрию ҷумҳуриявӣ ба монанди озмуни «Фуруғи сӯбҳи донои китоб аст», «Тоҷкистон ватани азизи ман», ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои баланд бардоштани савияи дониш ва азхудкунии ашъори шоирону нависандагони форсу тоҷик равона карда шудааст иштирок намуда, сазовори қадрдонӣ гаштаанд.
Роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷкистон низ барои иҷрои нақша чорабиниҳои ВКД ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои баланд бардоштани савияи дониши курсантон равона карда шудааст ҳамарӯза чораҳои заруриро андешида истодаанд .
Дар ин замина ҳаминро қайд карданиям, ки курсантони Академияи ВКД ҳаррӯз баъд аз машғулиятҳои ҳатмӣ боз ба худомӯзӣ яъне ба ҳуҷҷатнигорӣ, омӯзиши китобҳои бадеӣ, омухтани забонҳои хориҷӣ бо роҳбаладии омӯзгорон машғул ҳастанд.
Ҳамчунин бо фармоиши сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷкистон ҳар ҳафта рӯзҳои ҷумъа дарси ҳатмӣ ба курсантон барои мутолиаи китобҳои бадеӣ гузошта шудааст.
Ин ҳама гуфтаҳои дар боло зикр шуда шаҳодат аз он медиҳад, ки курсантони Академия ВКД мақсадашон баланд бардоштани савияи дониши худ ва дар оянда хизмати содиқ намудан ба халқу Ватан ва ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Муаллими кафедраи мурофиаи
ҷиноятӣ лейтенанти милитсия Нурализода Ш.Н.

Муаллими кафедраи ҳуқуқи
ҷиноятӣ, криминология ва
психология лейтенанти милитсия Нуриддинзода Р.Н.

Мо дар Telegram