Ҷоми лигаи футболи Тоҷикистон-2021: натиҷаи бозиҳои даври дуюми мусобиқа

Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд, дар майдонҳои футболбозии осоиишгоҳи “Баҳористон” ва Маркази таълимии бонки миллӣ вохӯриҳои даври дуюми Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2021  баргузор шуданд.

Дар ин давр, дар гурӯҳи «А» «Хатлон» бар «Истаравшан» бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Зимнан, ин ғалаби дуюми бохтариҳо дар ин мусобиқа ба шумор меравад. Бозии дигари ин гурӯҳ миёни дастаҳои «Эсхата» ва КМВА бо ҳисоби 2:2 хотима ёфт. Дар гурӯҳи “А” дастаи “Хатлон” бо 6 имтиёз мақоми аввалро касб намудааст.

Дар гурӯҳи «Б» дастаи «Равшан» бар «Кӯктош» бо ҳисоби 4:0 ва мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳайати ҷавонони «Истиқлол» бо ҳисоби бузурги 6 бар 0 пирӯз шуданд. Дар ин гурӯҳ дастаҳои “Равшан” ва мунтахаби наврасони кишвар бо шашимтиёзӣ пешсафанд.

Дастаи «Файзканд», ки тими «Душанбе-83»-ро бо ҳисоби 3:0 мағлуб кард, дар гурӯҳи «В» бо 6 имтиёз дар мақоми аввал қарор дорад.

Бозиҳои даври сеюми Лигаи футболи Тоҷикистон рӯзи сешанбе, 16-уми март, баргузор мешаванд.

Тибқи дастури мусобиқа ду дастае, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои аввалро мегиранд, бо дарназардошти натиҷаҳои беҳтарин ба финали мусобиқа роҳ пайдо мекунанд. Бозии ниҳоӣ 19-уми март доир мегардад.

 

Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2021

Гурӯҳи «А». Даври 2-юм

«Хатлон» – «Истаравшан» – 1:0

Гол: Умедҷон Шарипов, 90+1 – аз пеналти.

Беҳтарин бозигари дидор: Умедҷон Шарипов («Хатлон»).

 

«Эсхата» – КМВА – 2:2

Голҳо: Рустам Сабуров, 18 (1:0). Фирӯз Бобиев, 30 – аз пеналти (1:1). Бахтовар Зокиров, 54 (2:1). Соҳибҷон Ҳакимов, 55 – ба дарвозаи худ (2:2).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Рустам Сабуров («Эсхата»).

 

Б Ғ М Б Т И
1 «Хатлон» (Бохтар) 2 2 0 0 3-0 6
2 «Истаравшан» (Истаравшан) 2 1 0 1 1-1 3
3 КМВА (Душанбе) 2 0 1 1 2-3 1
4 «Эсхата» (Душанбе) 2 0 1 1 2-4 1

 

Гурӯҳи «Б». Даври 2-юм

«Истиқлол-2» – Тоҷикистон (U-17) – 0:6

Голҳо: Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 15 – аз пеналти (0:1). Хусрав Тоиров, 66 (0:2). Кабир Салимшоев, 69 (0:3). Асадбек Ҷӯрабекзода, 77 (0:4). Абдулло Шарипов, 87 (0:5). Суннатулло Азизов, 90+3 – аз пеналти (0:6).

Аз майдон хориҷ шуд: Ҷаҳонгир Холов («Истиқлол»), 58 – корти 2-юми зард.

Беҳтарин бозигари дидор: Алиҷони Айнӣ (Тоҷикистон, U-17).

 

«Кӯктош» – «Равшан» – 0:4

Голҳо: Нодирбек Иброҳимов, 4 (0:1). Нодирбек Иброҳимов, 23 (0:2). Анвар Муродов, 37 (0:3). Наврӯз Рустамов, 54 (0:4).

Беҳтарин бозигари дидор: Сафаралӣ Каримов («Равшан»).

 

Б Ғ М Б Т И
1 «Равшан» (Кӯлоб) 2 2 0 0 9-0 6
2 Тоҷикистон (U-17) 2 2 0 0 8-1 6
3 «Кӯктош» (Рӯдакӣ) 2 0 0 2 1-6 0
4 «Истиқлол-2» (Душанбе) 2 0 0 2 0-11 0

 

Гурӯҳи «В». Даври 2-юм

«Хуҷанд-2» – «Файзканд» – 0:3

Голҳо: Абдухалил Боронов, 18 (0:1). Шоҳрух Сангов, 58 (0:2). Ҳувайдои Гулмурод, 70 (0:3).

Беҳтарин бозигари дидор: Маҳмадалӣ Содиқов («Файзканд»).

 

Б Ғ М Б Т И
1 «Файзканд» (Восеъ) 2 2 0 0 6-2 6
2 «Душанбе-83» (Душанбе) 1 0 0 1 2-3 0
3 «Хуҷанд-2» (Хуҷанд) 1 0 0 1 0-3 0

 

Даври 3-юм

16-уми март (сешанбе)

Гурӯҳи «А»

10:00 – КМВА – «Хатлон». Варзишгоҳи «Бонки миллӣ»

10:00 – «Истаравшан» – «Эсхата». Варзишгоҳи «Баҳористон-1»

 

Гурӯҳи «Б»

14:00 – «Равшан» – Тоҷикистон (U-17). Варзишгоҳи «Бонки миллӣ»

14:00 – «Истиқлол-2» – «Кӯктош». Варзишгоҳи «Баҳористон-1»

 

Гурӯҳи«В»

14:00 – «Душанбе-83» – «Хуҷанд-2». Варзишгоҳи «Баҳористон-2»

Мо дар Telegram