Ҷоизаи навбатии шоири тоҷик Карим Ҳайдар дар Русия

Шоире, ки якчанд ҷоизаҳои давлативу минтақавии Русияро соҳиб шудааст Карим Ҳайдар мебошад. Карим Ҳайдар яке аз шоирони машҳур, тарҷумон ва журналисти машҳури Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Ҷоизаи навбатиро ба шоири тоҷик Раёсати иттифоқи нависандгони Русия, ки ба  150 солагии нависандаи машҳур ва дорандаи Ҷоизаи Нобел Иван Бунин бахшида шудааст, тақдим намуд. 

Ҷоиза барои шоиру нависандагоне, ки барандаи “Шоири сол” ва шахсони дар рушди  адабиёти рус саҳм гузоштанд супорида мешавад.

Қаблан Карим Ҳайдар ба ҷоизаи адабии Русия «Шоири сол» пешбарӣ шуда буд ва инчунин дорандаи медали ба номи С.Есенин мебошад.

Гуфта мешавад, ки маросими ҷоизасупорӣ 21 март дар Қасри консертии Ҳукумати Москва  дар таҷлили  “Рӯзи умумиҷаҳонии шеър”  баргузор мегардад.

Ҷоизаи навбатии шоири тоҷик Карим Ҳайдар дар Русия

Озмуни “Илм фуруғи маърифат” озмуни илму инноватсия мебошад

Мо дар Telegram