Ёде аз таърих. Суқути як ҳавопаймо дар Порис 47 сол муқаддам

Ёде аз таърих. Суқути як ҳавопаймо дар Порис 47 сол муқаддам

Ин фоҷеаи мудҳиш 47 сол пеш дар ҳамин рӯз рух дод. Рӯзи якшанбе, 3-уми марти соли 1974 дар наздикии шаҳри Порис ҳавопаймои McDonnell Douglas DC-10-10 мансуб ба ширкати ҳавопаймоии Turkish Airlines суқт кард.  Ин ҳавопаймо бо хатсайри ТК 981 Истамбул-Порис-Лондон дар ҳоли парвоз буд.

Аммо баъди ҳамагӣ 6 дақиқаи ба ҳаво хестан аз фурудгоҳи Порис дар баландии 3500 метр баногаҳ як дари бордони он боз шуд ва ин системаи идории тайёраро ба мушкил рӯ ба рӯ сохт.

Баъди 1,5 дақиқа ҳавопаймо дар ҷангали Эрменонвил, воқеъ дар шимолу шарқи Порис сарнагун шуд ва пурра хароб гардид. 

346 нафар дар ин сонеҳа ба ҳалокат расиданд, ки 12 нафари онҳо хадамаи ҳавопаймо буданд. 

барчасп: 
Мо дар Telegram