Эътирофи шоир ва тарҷумони тоҷик дар арсаи байналмилалӣ

26.03.21.6Сармуҳаррири нашрияи ҳизбии “Ҳидоят”, ҳамраиси Шӯрои адабии Ассамблеяи халқҳои Авруосиё шоир, публитсист ва тарҷумон Абдуқаҳҳори Қосим бо дастовардҳои нав ба нав, ки аз эътирофи мавсуф дар сатҳи байналмилалӣ гувоҳӣ медиҳад, 110 солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, шоири зиндаёд Мирзо Турсунзода ва 30 солагии истиқлоли кишварро пешвоз мегирад.

Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии шеър аз ташкилотҳои адабию фарҳангии кишварҳои Қирғизистон, Эквадор, Африка ва Сурия низ хизматҳои Абдуқаҳҳори Қосимро дар таҳким бахшидани дӯстии халқҳо ва сулҳ тавассути шеър қадршиносӣ намуданд. Аз ҷумла аз ҷониби Президенти форуми байналмилалии эҷодиёт ва инсонпарварии Марокаш, сафири фарҳанги сулҳ Азиз Мунтассир ва сафири фарҳанги Мексика, директори шабақаи арабӣ дар Марокаш ва мушовири фарҳанги Форуми фарҳангии Миср ва Лубнон Марлен Пасинӣ бо сертификат, аз ҷониби сафири байналхалқии форуми байналмилалии сулҳ ва ҳуқуқҳои инсон Ловелин П Ейо ва Президенти академияи Эхо Сурия ва федератсияи фарҳанги Димишқ-Сурия нависанда ва ҳомии ҳуқуқ Гада Бадран бо шаҳодатномаи миннатдорӣ ва аз ҷониби маъмури доираи сафирони сулҳ шоир ва нависанда Эдвин Антонио Гаон Салинаси Ҷумҳурии Эквадор бо дипломи «СИТОРАИ ТИЛЛО», барои саҳми арзанда дар таҳким бахшидани сулҳ дар дунё тавассути шеър сарфараз намуданд. Дар яке аз табрикотҳо чунин омадааст: “Академияи фарҳанги муҳаббат ва сулҳ Эхо-и Димишқи Сурия, барои фаъолияти пайгирона дар ғанӣ гардонидани фазои адабию фарҳангӣ ва баланд бардоштани парчами муҳаббат ва сулҳ изҳори сипос намуда, шуморо бо шаҳодатномаи миннатдорӣ ва эҳтиром қадрдонӣ менамояд”.

Боиси ёдоварист, ки то имрӯз осори Абдуқаҳҳори Қосим ба забонҳои англисӣ, испанӣ, чинӣ, полякӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, украинӣ, сербӣ, ҳиндӣ, банголӣ, непалӣ, румӣ, португалӣ, туркӣ, озарбойҷонӣ, форсӣ, туркманӣ, қирғизӣ ва ғайра тарҷума шуда, дар антология ва нашрияҳои Русия, Америка, Непал, Чин, Руминия, Полша, Бангола, Туркия, Ҳиндустон, Ӯзбекистон ва дигар давлатҳои дунё рӯи чоп омада, манзури хонандагони сершумор гардидааст.

Мо дар Telegram