Эмомалӣ Раҳмон Президенти Афғонистонро ба Тоҷикистон даъват намуд

Имрӯз, 11 феврал, суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ашраф Ғанӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаи амнияти минтақавӣ барраси шуд.

Зимни суҳбат ҷонибҳо мавқеи худро оиди таъмини сулҳу субот дар Афғонистон ва нақши он дар рушди кишварҳои Осиёи Марказӣ муайян намуданд.

Инчунин мувофиқа карда шуд, ки дар охири моҳи марти соли ҷорӣ ҷаласаи сарони вазоратҳои корҳои хориҷии “Қалби Осиё- Раванди Истанбул” дар Душанбе таҳти раёсатии Тоҷикистону Афғонистон гузаронанд.

Муассисони конфронси байналмилалии “Қалби Осиё- Раванди Истанбул” Афғонистон, Хитой, Ҳиндустон, Эрон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Россия, Арабистони Саудӣ, Тоҷикистон, Туркия, Туркманистон ва АМА мебошанд.

Эмомалӣ Раҳмон Президенти Афғонистонро ба Тоҷикистон даъват намуд

Суҳбати телефонии Сироҷиддин Муҳриддин ва Сергей Лавров

Мо дар Telegram