Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки 2025-ро соли ҳифзи пиряхҳо эълон карда шавад

Ҷаласаи гурӯҳи сарони боломақом оид ба масъалаҳои об ва иқлим таҳти роҳбарии дабири кулли созмони байналмилалии метеорологӣ Питер Таалас баргузор гардид, ки дар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ иштирок намуданд.

Зимни ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи босуръат обшудани пиряхҳо дар Арктика, Антарктида ва Гренландия баромад намуда, аз мушкилоти  обшудани пиряхҳои Помир, махсусан пиряхи “Федченко” қисса намуданд. Инчунин, сабаби барзиёд харҷ намудани обро афзоиши аҳолии сайёра ва рушди иқтисоди кишварҳо номиданд. 

Дар ин маврид Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки соли 2025-ро соли ҳифзи пиряхҳо эълон карда шавад ва рӯзи Умумиҷаҳонии пиряхҳо таъсис дода шавад.

Дар ин чорабинӣ инчунин Президенти Маҷористон Янош Адер ва раиси СММ-Панели об, Президенти Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ Гилберт Ҳунгбо ва дигар шахсони мансабдор иштирок намуданд.

Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки 2025-ро соли ҳифзи пиряхҳо эълон карда шавад

Ҷаласаи сайёҳии кишварҳои Осиёи Марказӣ

Мо дар Telegram