Эмомалӣ Раҳмон корхонаҳои саноатиро дар вилояти Суғд ифтитоҳ намуданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон айни ҳол бо сафари корӣ дар вилояти Суғд қарор доранд ва дар ифтитоҳи корхонаҳои саноатӣ иштирок намуданд, хабар медиҳад Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон.

Яке аз чунин корхонаҳо «Субҳи заррин», ки бо истеҳсоли равғани қаймоқ ва маргарин мебошад. Иқтидори корхона дар 1 сол 360 тонна мебошад. Корхонаи дигар «Назар» мебошад, ки бо истеҳсоли мурғпарвари ва тухм машғул мебошад. Ҳаҷми маблағи сармоя 5 млн. сомониро ташкил медиҳад ва иқтидораш 30 ҳазор тухм ва 100 ҳазор чуҷа мебошад.

Корхонаи ҶСК «Хуҷанд-Агро» бо коркарди пиёз машғул буда, дар 1 шабонарӯз метавонад 30 тонна пиёзро коркард кунад. Дар ин корхона таҷҳизотҳои муосир аз кишварҳои Аврупо, Русия ва Хитой харидори шудааст. Дар ин корхона 70 нафар бо кори доимӣ ва 1500 сомонӣ музди меҳнат таъмин шудаанд.

Охирин корхонаи имрӯз ифтитоҳ шуда ин корхонаи коркарди маҳсулотҳои ордӣ мебошад, ки ба соҳибкори маҳаллӣ Ҷумабой Абдулҳакимов таалуқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон корхонаҳои саноатиро дар вилояти Суғд ифтитоҳ намуданд

Сафари 1 ҳафтаинаи Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд

Мо дар Telegram