Эмомалӣ Раҳмон дар боғи нав 36 дарахт шинонд

Бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ, дар шаҳри Душанбе бунёди боғи «Истиқлол» идома дорад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамроҳии раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ дидан намуда, 36 дарахти секвояи Калифорниягӣ шинонданд, хабар дод дафтари матбуоти президент.

Боғи Истиқлол дар майдони 30 га ҷойгир буда, дар он рамзи Истиқлол бо баландии 121 метр сохта мешавад.
Ба ғайр аз гулу гулзорҳо, фавораҳо, роҳраву ҳавзҳо, деворҳои нақшу нигордор боз майдоне барои чорабиниҳои фарҳангиву сиёсӣ сохта мешавад.

Майдони «Истиқлол» рамзи Истиқлолияти, озодӣ ва сулҳу субот дошта яке аз муҳимтарин иншоотҳои ифтитоҳшаванда дар соли 2021 хоҳад шуд.

Мо дар Telegram