Эмомалӣ Раҳмон бо Станислав Зас вохӯрд

Станислав Зас, дабири кули созмони созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъи, ки  имрӯзҳо бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад бо президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Дар ин мулоқот амалиётҳои ба нақшаи мувофиқашударо дар даври раёсатии Тоҷикистон дар СААД аз рӯи самтҳои афзалиятнок тасдиқ карданд.

«Дар нақша тадбирҳои амалӣ дар соҳаҳои ҳамкориҳои сиёсӣ, ҳарбӣ, ҳарбӣ-иқтисодӣ ва ҳарбӣ-техникӣ, ҳамкорӣ дар доираи мубориза бо хатар ва таҳдидҳо ба амнияти кишварҳои узви Созмон пешбинӣ шудаанд. Аксари чорабиниҳо дар доираи Нақша дар Тоҷикистон бо иштироки намояндагони кишварҳои узви СААД шахсан баргузор мешаванд. Барои ин дар Тоҷикистон вазъияти мусоид ба вуҷуд омадааст ”, — гуфт дабири кулли СААД.

Инчунин, масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва мубориза бар зидди хатарҳои муосир мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ба масъалаҳои гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, паст кардани хатарҳо дар минтақаи сарҳадӣ, таҳдиди терроризм, экстремизм, иғвоангезӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳоро бо СААД хело судманд хонда ва дар мубориза бар кибер-ҷиноятҳо, истифодаи технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсиониро махсус қайд намуданд.

Тоҷикистон дар соли 2021 раёсатиро дар созмони СААД бар душ дорад ва ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои созмон моҳи сентябр баргузор мегардад.

Мо дар Telegram