Эмомалӣ Раҳмон ба в.Суғд сафар кард

Субҳи имрӯз, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд рафтанд.

Дар рафти сафар ба шаҳрҳои Хуҷанд, Бустон, Гулистон, Б.Ғафуров, Истаравшан ва ҷамоати Ворӯхи Исфара ташриф оварда якчанд иншоотҳоро ифтитоҳ мекунанд.

Аз ин сабаб дар ин шаҳрҳои номбаршуда ҳаракати роҳ қисман маҳдуд карда мешавад.

Бояд қайд намуд, ки имрӯзҳо вазирҳои мудофиа, амнияти миллӣ ва ваҳорати корҳои хориҷӣ барои ҳалли низоъи сарҳадӣ, делимитатсия ва демаркатсия дар вилояти Суғд қарор доранд ва бо ҳамтоҳои қирғизи худ мулоқот намуданд.

Мо дар Telegram