Эмгузаронӣ дар Тоҷикистон оғоз мешавад

Дирӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор намуданд, ки вазорату мақомотҳо дахлдор ва ҳокимиятҳои вилоятӣ барои шуруи иммунизатсия дар ҷумҳурӣ мусоидат намоянд.

Тибқи қарори имзонамудаи раисиҷумҳур аз 22 марти соли 2021 иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар ҷумҳурӣ байни гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ марҳила ба марҳила гузаронида шавад. 

Вазорати тандурустӣ бо ҳайати комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳамоҳангсозии гузаронидани иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар якҷоягӣ нақшаи эмгузаронӣ, занҷири хунукитаъминкунандаро барои ваксина дар муассисаҳои тандурустӣ барои эмгузаронӣ бояд таъмин намояд.

Инчунин ба Кумитаи телевизион ва радио дастур дода шуд, ки барномаҳои тарғиботӣ барои фаҳмондани муҳимияти иммунизатсия омода намуда пахш намоянд.
Инчунин ба ташкилотҳои зертобеъ оиди муҳайё намудани воситаҳои нақлиёт, сузишворӣ ва дигар маводҳои лозима супориш дода шуд.

Мо дар Telegram