Эълон: Озмун барои ишғоли мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ дар Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эълон
Тибқи амри Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи озмун барои ишғоли мансабҳои зерини маъмурии хизмати давлатӣ дар Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон озмун эълон менамояд:
  1. Сармутахассиси шуъба оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният — 1 ҷой, маоши мансабӣ 1675 сомонӣ;
  1. Сармутахассиси шуъба оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1675 сомонӣ;
  1. Сармутахассиси шуъба оид ба масъалаҳои иқтисод, коммуникатсия, аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1675 сомонӣ;

ТАЛАБОТИ ТАХАССУСӢ БАРОИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТИИ МАЪМУРИИ КАТЕГОРИЯИ ЧОРУМ

Сармутахассиси шуъба оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният;

Сармутахассиси шуъба оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ;

Сармутахассиси шуъба оид ба масъалаҳои иқтисод, коммуникатсия, аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология.

— таҳсилоти олии касбӣ (доштани донишҳои мушаххаси  касбӣ), ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад ва на кам аз 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— дониш ва малакаи роҳбарӣ, донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, қобилияти идоракунӣ, банақшагирии раванди кор, маҳорат, малака, сифатҳои ташкилотчигӣ, ташаббускорӣ, масъулиятшиносӣ, ботаҷрибагӣ ва кор бо тобеон;

— малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, одобу ахлоқи шоиста, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

— донистани забонҳои давлатӣ, русӣ, англисӣ, таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, ҳамчунин малакаи кор бо компютер.

Довталабон барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зеринро ба комиссияи озмун ба суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ- 42 ва почтаи электронии  kadr@majmilli.tj  шахсан ё тариқи электронӣ пешниҳод менамоянд:

 — ариза ба унвони Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи шакли муқарраргардида;

— варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6 ва 2 дона акси андозаи 3х4);

— тарҷумаи ҳол;

— нусхаи шиноснома;

— нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

— нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

— маълумот оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;

— нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

— эъломия оид ба андоз аз даромад ва вазъи молумулкӣ;

— нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд) ё шаҳодатномаи бақайдгирӣ;

— маълумотнома оид ба доштан ва ё надоштани доғи судӣ;

Довталабон метавонанд оид ба таҷрибаи кор ва сатҳи касбии худ маълумоти иловагӣ (нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи дараҷа ва унвони илмӣ, такмили ихтисос, номгӯйи корҳои илмӣ, тавсифномаҳо, тавсияҳо) пешниҳод намоянд.

Эзоҳ: ҳангоми ба тариқи электронӣ пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун довталаб вазифадор аст дар суҳбат ҳуҷҷати аслиро пешниҳод намояд.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо — 21 рӯз аз санаи нашри эълони мазкур.

 Сомонаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: www.majmilli.tj

Телефон барои маълумоти иловагӣ:  221-98-35

КОМИССИЯИ  ОЗМУН

 

Мо дар Telegram