ЭЙ ҶОНУ ДИЛУ ДИДА, НАВРӮЗ МУБОРАК БОД!

ЭЙ ҶОНУ ДИЛУ ДИДА, НАВРӮЗ МУБОРАК БОД!

“Наврӯз айёми тавозуни байни табиат ва инсон буда, баробари дигаргунии куллӣ дар табиат рӯҳи инсонро низ ба куллӣ тағйир медиҳад ва ӯро ба рӯзи неку рӯзгори обод умедвор месозад”.

Эмомалӣ РАҲМОН

Навбаҳор омаду ҳангоми тараб гашта бапо,
Чи баҳоре, ки ба дилҳо бибарад сабру қарор.
Боди Наврӯз саҳаргаҳ чу ба бӯстон бигзашт,
Гули садбарг бурун раст зи пираҳани хор.

Яке аз паёмбарони шеъри оламгири Аҷам – Анварӣ муждаи фасли баҳору омадани Наврӯзи оламафрӯзро айнан ба ифодаи худаш чунин тасвир кардааст. Зеро Наврӯз ба қавли ховаршиноси маъруф Артур Кристенсен-муҳаққиқи шинохтаи таърихи даврони давлатдории Сосониён: ”дар байни идҳо он, ки бештар мавриди қабули ом аст, Наврӯз мебошад”.

Лозим ба тазаккур аст, ки Наврӯз ба гуфти Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола бо қабои сабзи худ чун мунодии сулҳу оромӣ ва пиндору гуфтори нек моро ба сӯйи рӯзгори орому осуда, сулҳу субот ва ободии Ватани азизамон раҳнамун месозад.

Чунки Наврӯз бо рӯҳи зиндагисозу тамаддунофари аҷдоди мо пайванди ногусастанӣ дошта, расму ойинҳои он дорои рамзҳое мебошанд, ки аз қадим то ба имрӯз бо рӯзгори мардуми созандаву ободгар ва фарҳангиву таҳаммулгарои мо созгоранд. Дар ин рӯз инсон дар баробари табиат нерӯи тоза пайдо карда, дилу андешаҳо бо ҳам меоянд, одамон некиву накӯкорӣ ва амалҳои хайру савобро тарғиб месозанд, ки ҳамаи онҳо гувоҳ аз рисолати фарҳанги оламшумули раъйпарвар ва ваҳдатгарои халқи бофарҳангу соҳибтамаддуни мо гувоҳӣ медиҳад.

Маҳз далели ҳамин гуфтаҳост, ки дар саросари ҷумҳурӣ ҳамасола, ҳамчун ворисони аҷдодии ин ҷашни ҷаҳонӣ, бо шукӯҳу шаҳомати хоса чорабиниҳои наврӯзиро бо дарназардошти расму ойинҳои мардумӣ тавъам ва дар сатҳи баланди давлату давлатдорӣ таҷлил менамоянд.

Ҳамзамон, Наврӯз чун ҷашни бузурги миллӣ падидаи нодири таърихӣ дар сарнавишти мардуми Машриқзамин, аз ҷумла мо — тоҷикон маҳсуб ёфта, яке аз муқаддастарин ойини ниёгон аст, ки аз фарорасӣ ва омад-омади фасли зебову нозанини сол баҳору Наврӯз пайк медиҳад. Тавре, ки шоир гуфтааст:
Омада наврӯз ҳам аз бомдод,
Омаданаш фарруху фархунда бод!

Ҳамин тариқ, Наврӯз муждаи зиндашавии табиат, рамзи сарсабзиву хуррамӣ, пирӯзӣ алайҳи торикӣ, рӯшноӣ бар зидди зулмот ва некӣ бар муқобили бадӣ ба шумор меравад. Аз ҷониби дигар ҷашни Наврӯз воқеан як ҷузъи хотираи тобноки маънавии инсон маҳсуб ёфта, аслҳову наслҳоро ба ҳам пайванд дода, равобити дӯстӣ ва ҳамкориҳои халқу миллатҳои мухталифро боз ҳам қавитар месозад.

Наврӯз василаи пайвандгарӣ ва ободиву шукуфоиро низ дар худ таҷассум менамояд. Ин иди байналмилалӣ бо ҷанбаи фар-ҳангиву мардумии худ байни хосу ом маҳбубияти бештаре пайдо карда, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эътироф шудааст, ки аз он рӯйдоди таърихиву хотирмон аллакай 10 сол сипарӣ гардид.

Ҷумҳурии соҳибистиқлолу со-ҳибиқболи мо низ, ба муносибати мақоми умумиҷаҳонӣ гирифтани ин ҷашни гиромиву муқаддаси аҷдодии худ, дар шумори яке аз пешгому пешсафони он ҳамчун кишвари ташаббускор маҳсуб меёбад, ки дар ин самт хидмати беназири Роҳбарияти олии он дар шахси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ҳифзу нигаҳдошти ормонҳои умумиинсонӣ ва умумифарҳангии ин ҷашни хусравонӣ саҳми бориз гузоштааст.

Аз ҷониби ин ташкилоти бонуфуз ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯз гувоҳи он аст, ки мардуми сайёра ба ин ойини воқеан ва моҳиятан фарҳангиву инсонпарварона эҳтироми зиёд доранд ва онро ҳамчун воситаи сулҳу субот, рамзи покиву садоқат ва зебоиву пойдорӣ то абад арҷ мегузоранд.

Зимнан бояд қайд кард, ки Наврӯз дар сарнавишти миллати барӯманди мо ва тамоми меросбарони он нақши тамаддунсозу барҷастаи худро дорад, он ҳамчун падидаи нотакрори фарҳангӣ ва яке аз унсурҳои тамаддуни миллии феълан ҷаҳонӣ гардидаи ниёгони бузургамон дар масири таърихи бою пурғановат кулли инсониятро пайваста ба созандагиву бунёдкорӣ ва офарандагиву эҷодкорӣ ҳидоят намудааст. Барои мисол ин воқеаи сурурбахши таърихиро Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври зайл тавзеҳ додаанд: “Аз ҷониби Маҷмааи Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯз гувоҳи он аст, ки ҳанӯз дар замони қадимтарин ниёгони мо бо холисии ният ва ормони олӣ ҷашнеро падид оварда буданд, ки паёми ваҳдату муҳаббат, покию садоқат, зебоию нафосат ва бедорию заҳмат будааст”.

Наврӯзи имсола дар саҳифаҳои таърихи кишвар замоне вуруд мегардад, ки тоҷикистони азизи мо дар арафаи таҷлили ҷашни таърихии худ, яъне ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дигар ҷашну чорабиниҳои фарҳангӣ қарор дорад.

Фарорасии Наврӯзи хуҷастапайро ба тамоми мардуми шарифи кишвари соҳибистиқлолу соҳибиқболамон самимона муборакбод менамоем. Ба фармудаи устоди зиндаёд Лоиқ Шералии ширинсухан, ки низ ин баҳор 80-солагии шодравон таҷлил мегардад, гуфтанием: Эй ҷону дилу дида, Наврӯз муборак бод!

Юсуф САИДЗОДА

Мо дар Telegram