Ҷашни сада – мероси камназири фарҳангӣ дар тамаддуни башарӣ

1027Сада – яке аз ҷашнҳои мавсимии халқиятҳои ориёинажод ба шумор меравад, ки рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории Шамсӣ таҷлил мегардад. Мутобиқи солшумории мелодӣ бошад, ин рӯз ба 30-юм ва оғози 31-уми январ рост меояд. Ба ақидаи халқиятҳои ориёинажод сармо ба авҷи баланди худ мерасад ва баъдан ҳаво яку якбора ба самти беҳбуди, нармӣ ва гармӣ мерафт. Аз ин рӯ ба кишту кори онҳо зараре намерасид ва чорвоҳояшон аз сардӣ эмин нигаҳдорӣ мешуд.

Ба гуфти бархе аз донишмандон ҳамин, ки аз зимистон 100 – рӯз мегузашт, мардум ҷашни оташ, яъне Садаро барпо менамуданд. Онҳо бовар доштанд, ки лаҳзаҳои сармои ҷонок гузаштаасту нармию гармӣ вориди хонадони мардум шудааст. Сарчашмаҳои таърихӣ ва бозёфтҳои бостоншиносӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки бузургдошти оташ ва оини Меҳрпарастӣ дар миёни гузаштагони тоҷикон ва дигар халқиятҳои форсизабон тақрибан даҳ-дувоздаҳ ҳазор сол пеш дар сарзамини Ориёиҳо омадааст. Дертар дар ҳамин замина ҷашни мавсимии Ялдо ва Сада зимни мушоҳидаҳои бурҷҳои Фалак ҳаракати офтоб ва дигар ҷирмҳои кайҳонӣ маълум гардидааст.
Абудқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» — и худ пайдоиши Садаро ба подшоҳи дуюми пешдодӣ Ҳушанг нисбат медиҳад. Мувофиқи нигориши Ӯ, Ҳушанг ба мардум тарзи афрухтани оташро омузонидааст ва ҷашни Садаро низ бунёд гузоштааст. Абудқосим Фирдавсӣ ҷашни Садаро аз ҷониби Ҳушанг чунин менигорад.

Шаб омад, барафрӯхт оташ ба кӯҳ,
Ҳамон шоҳу дар гирди шоҳон гурӯҳ.
Яке ҷашн кард он шабу бода хурд,
Сада номи он ҷашни фархунда кард.
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.

Агар Хуршед ба нури гармии худ ва фурузонии хеш ба зиндагии одамон гармӣ ворид карда бошад, пас оташу рӯшноӣ барои хушҳол сохтани қалби онҳо ва идомаи зиндагиашон асос гузоштааст.
Дар ин бора Пешвои миллат дар навиштаҳои худ ишораи ҷолибе дорад, ки чунин аст. «Дар миёни қувваҳои сершумори бадӣ дар дашту ҷангалҳои Осиёи Марказӣ, ки ҷони инсонро дар азоб ва таҳлука меандохт, бахусус хушкӣ ва торикӣ бисёр зиёновар буданд».
Дар бораи пайдоиши ҷашни Сада назарҳо гуногун мебошанд. Баъзе муҳаққиқон ва донишмандон онро ҷашни замони ориёӣ мепиндоранд ва иддаи дигар падидории онро пеш аз даврони ориёиҳо медонанд. Вале ба ҳар сурат пайдоиши ҷашни Сада устураҳои монанд ба он ба масъалаи таҷаммуми рӯшноӣ ва оташ волбаста мебошад ва аз таҳаввули ташаккули қавмҳои ориёӣ дарак медиҳанд, ки онҳо ин ҷашнро аз пешиниён гирифтаанд ва баъдиҳо онро то рӯзгори мо расониданд. Агар аз ин нуқтаи назар ба ҷашни Сада наздик шавем нахуст аз ҳама моҳияти асосӣ сухан дар бораи хуршед, рӯшноӣ ва оташ пеши назар меоянд, ки ҳар кадомаш ба ҳаёти инсон ва табиат вобастагии хос доранд.
Оид ба истилоҳи «Сада» низ фикрҳои гуногун мавҷуд бошанд ҳам, онҳо ба ҳамдигар умумият дошта, қадимияти ин ҷашнро тасдиқ менамоянд. Масалан, донишманди маъруфи эронӣ Ҳошими Ризоӣ дар бораи вожаи Сада менависад, ки: «Ҷашни Садаро дар байни мардуми форсизабонон ба тарзҳои гуногун истиқбол мегиранд» дар ишораи таърих ин ҷанш ҳамеша ба шакли дастаҷамъи ва бо гирдиҳамойии ҳамаи мардумони шаҳр, маҳала дар якҷо ва бо барпойи як оташу бузург баргузор мешудааст.
Сада дар гузашти тоҷикон ба ақидаҳои гуногун таҷассум ёфтааст. Масалан мувофиқи ривояти «Шоҳнома» Ҳушанг шоҳи пешдодиён ин ҷашнро асос гузоштааст. Гӯё Ҳушанг ҳамроҳи дарбориёнаш дар саҳро ба море дучор меояд. Ӯ суйи мор санг меандозад. Санг бар санги дигар бархурда аз он оташ пайдо мешавад ва ба ҳамин васила оташ кашф мегардад. Минбад одамон ба ҳамин муносибат оташ афтӯхта ба он саҷда мекарданд.
Абулқосим Фирдавсӣ оғози ин ҷашнро ба Ҳушанг нисбат медиҳад.

Зи Ҳушанг монд он Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофиати Истиқлолияти бадастомада иди Сада аз нав эҳё гардида минбаъд ҳамасола онро дар ҷумҳурӣ санаи 30-юми январ бо шукӯҳу шаҳмоати хосса ҷашн гирифта мешад.

Сулаймонзода Рустам, муаллими кафедраи мурофиаи ҷиноятии

Факултети №2, Академияи ВКД, лейтенанти милитсия

Мо дар Telegram