Ҷашни атлас дар вилояти Суғд

 Дар вилояти Суғд ҳамасола ҷашнҳои гуногуни фарҳангию миллӣ бв монанди фестивали оши палов, иди сада меҳргон ва ғ. мегузанд. Иди атласу адрас низ, яке аз онҳо аст, зеро, ки атлас ин либоси миллии тоҷикӣ мебошад.

Имсол сокинони шаҳри Хуҷанд ва ҳукумати шаҳр ҷашнгирит иди атласро дар охири моҳи апрел ба нақша гирифтаанд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд.

Ҳамаи шаҳрвандоне, ки нияти иштирок дар фестивал доранд бояд ба шуъбаи фарҳангӣ шаҳр ҳозир шуда, худро ҳамчун иштирокчӣ сабти ном кунанд. Ғолибони озмун аз рӯи бахшҳои «Беҳтарин либоси бачагона», «Беҳтарин либоси расмӣ», «Беҳтарин либоси идона», «Беҳтарин либоси арӯсӣ» муайян мегарданд.
Иштирокчиён бояд ҳунару маҳорати худро дар духтани либосҳои миллӣ ва дигар маҳсулотҳои ороишӣ нишон диҳанд. Тарроҳон ва дизайнерҳо маҳсули таёршударо баҳогузорӣ хоҳанд кард.
Телефонҳо барои тамос ва номнависии шӯъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд муроҷиат намуда, маълумоти муфассал ё занг гиранд 4-67-25, 92 979-71-26, 92744-28-82, 92988-05-70.
Мо дар Telegram