Ҷасади ронандаи таксӣ дар фурудгоҳи Пулково аз мошин ёфт шуд

Ҷасади ронандаи таксӣ дар фурудгоҳи Пулково аз мошин ёфт шуд

Як шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳудуди фурудгоҳи Пулковои шаҳри Санкт-Петербург кушта шуд, хабар дод як манбаи огоҳ рӯзи душанбе (24.01.22) ба Интерфакс.

Ба гуфтаи вай, ҷасади як меҳмони 26-соларо шаби гузашта аз курсии ронандаи мошини тамғаи «Фолксваген Поло», ки дар баромадгоҳи пандуси фурудгоҳ меистод, пайдо кардаанд.

Дар бадан чанд захмҳои чуқури корд мавҷуд аст, аз ҷумла дар гулӯ ва пушти сар.

Гуфт манбаъ

Наворҳои видеои аз камераҳои назорати нишон медиҳанд, ки пеш аз куштор чаҳор нафар дар мошин буданд. Тибқи иттилои пешакӣ, марҳум ронандаи таксӣ буда, се мусофирро ба фурудгоҳ овардааст; дар мошин миёни мардон муноқиша рух додааст, ки бо куштор анҷом ёфтааст.

Манбаъ афзуд, дар робита ба ин ҳодиса тибқи қисми 1 моддаи 105-и Кодекси ҷиноии Федератсияи Русия (куштор) парванда боз кардаанд.

Маълум гаштааст, ки ҷабрдида охири моҳи декабри соли 2021 бо мақсади кор ба Русия омада патент гирифтааст, аммо дар қайди мақомоти муҳоҷират набудааст.

Мо дар Telegram